Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 17 то 23 сентябр аз шаҳрҳои Ашқобод ва Ню-Йорк боздид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар пойтахти Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои V осиёӣ дар биноҳои пӯшида ва рақобатҳои муҳорибавии «Ашқобод 2017» иштирок мекунад.

Ҳамчунин дар Ашқобод як қатор дидору гуфтушунидҳои Сарвари давлати Тоҷикистон бо сарони дигар кишварҳои бо даъвати президенти Туркманистон ба ин маросим ташрифоварда пешбинӣ шудааст.

Аз Ашқобод Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи 72-уми Маҷмаи Умумии СММ ба шаҳри Ню-Йорк раҳсипор мегардад.

Иҷлосияи ҳамасолаи мақомоти асосии СММ имрӯз, 12 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк ба кор шурӯъ мекунад. Музокироти умумии сиёсӣ аз 19 сентябр оғоз мегарданд.

Дар Ню-Йорк Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуда, як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.