Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати сарвари давлати Чин Си Ҷинпин аз 3 то 5 сентябр аз ин кишвар боздид карда, дар нишасти БРИКС иштирок мекунад.

Ба ҷуз иштирок дар кори нишасти БРИКС ва дидору гуфтушунидҳо дар чаҳорчӯби он, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари давлати Чин масъалаи ҷудо шудани грант барои сохтмони маҷмааҳои бинои парлумон ва ҳукуматро низ баррасӣ хоҳад кард.

Нишасти БРИКС (гурӯҳи иборат аз 5 кишвар: Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) дар шаҳри Сямени Чин баргузор мешавад. Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҳошияи кори ин нишаст дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳамтоҳои хориҷиаш пешбинӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон санаи 23 август Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Вазорати тиҷорати Чинро дар бораи арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ намуд.

Дар ҷаласаи парлумон қайд шуда буд, ки аз ҷониби парлумон тасдиқ шудани Ёддоштро, ки мантиқан танҳо ният асту барои иҷро ҳатмӣ нест, ҷониби Чин исрор варзидааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор кард, ки мутобиқи ёддошт, Чин барои сохтмони ин иншоотҳо ҳудуди 1,5 млрд. юан (наздики 230 млн. доллар) маблағ ҷудо карданист.

Маҷмааи ояндаи парлумонии Тоҷикистон дар қаламрави беш аз 42 ҳазор метри мураббаъ ва бинои ҳукумат дар майдони 44 ҳазор метри мураббаъ қомат меафрозад

Бино ба маълумоти дар парлумон зикршуда, Чин интиқоли техникаи сохтмонӣ, масолеҳ ва мутахассисон ва Тоҷикистон - озодкунии воридоти ин маводу масолеҳ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукиро ба уҳда гирифта, ҳамчунин ба таҳияи лоиҳаи биноҳои нав бо назардошти андешаи мутаххассисони Чин низ вазифадор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.