Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ояндаи наздик нисбат ба айбномаҳои Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садо доданд, изҳорот мунташир хоҳад кард.

Аз сафорати Эрон дар Душанбе ба «Азия-Плюс» тариқи телефон дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз тавассути телевизиони Тоҷикистон намоиш додани филми ВКД, ки дар он Эрон маблағгузори асосии куштори собиқ раиси парлумон Сафаралӣ Кенҷаев ва дигар шахсони маъруф номида шудааст, огаҳӣ доранд.

«Мо ин филмро тамошо карда, ояндаи наздик дар васоити ахбори умум изҳороти расмии худро мунташир хоҳем кард, - таъкид доштанд дар сафорат ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзиданд.

Ёдрас мекунем, ки дар шабакаи телевизиони Тоҷикистон рӯзи 8 август филми мустанади аз ҷониби ВКД Тоҷикистон таҳияшуда намоиш дода шуд.

Дар ин филм Эрон маблағгузори асосии куштори собиқ раиси парлумон Сафаралӣ Кенҷаев, рӯзноманигори шинохта Отахон Латифӣ, олимони варзида Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, сиёсатмадор Карим Юлдошев, адиби маъруф Сайф Раҳим Афардӣ, собиқ муфтӣ Фатҳуллохон ва ҳудуди 20 нафар афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон номида шуд.