Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири ин кишвар Богуслав Соботка дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунии ҳамкорӣ ва дарёфти роҳҳои нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону ҷумҳурии ба мо дӯсти Чехия ва Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд медиҳем. Мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупоро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ пазируфтаем.

Аз таҷрибаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чехия изҳори қаноатмандӣ карда, Эмомалӣ Раҳмон баргузории мулоқоту вохӯриҳо миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар, иштирок дар чорабиниҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва роҳандозии тамосҳои мустақими корӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштаракро омили дигари таъмиқи равобити дӯстию ҳамкорӣ номиданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, технологияи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва ҷалби сармояи Чехия низ аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Дар мулоқот оид ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, масъалаи ҳалли қазияи сиёсию низомии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.