Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз бекор кардани аккредитатсияи шаш нафар хабарнигорони Радиои Озоди изҳори нигаронӣ менамоянд.

Дар изҳороти расмии афорати ИМА дар Тоҷикистон, ки санаи 29 ноябр мунташир шуд,  дар ин робита қайд мешавад, ки хабарнигорон дар ҷомеаи демократӣ мавқеи муҳимро мебозанд.

«Аз ин сабаб, ИМА аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки ба хабарнигорон ҳуқуқи озодии баёнро таъмин намуда, ба онҳо барои бемамоният изҳор намудани нуқтаи назарашон мувофиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мусоидат намоянд», - омадааст дар изҳорот.

Қобили зикр аст, ки қаблан Кумитаи байнулмилалии ҳимояи журналистон низ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кард, ки фавран иҷозатномаи кори 6 журналисти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ (Радио Свободная Европа/Радио Свобода (РСЕ/РС) барқарор карда шавад.

Аз ин пеш, ​созмони байналмилалии "Гузоришгарони бидуни марз", қароргоҳаш дар Порис, аз қатъи фаъолияти 6 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ кард. Раҳбари барномаҳои ин созмон Люсие Моррилон рӯзи 28 ноябр бо пахши изҳороте гуфт, "мо аз суқути тадриҷии вазъ дар Тоҷикистон ва аз суръати ин коҳиш дар тахминан ду соли охир нигарон ҳастем. Метарсем, ки ин кишвар ба як минтақаи дигари журналистони бидуни ҳуқуқ дар қаламрави Осиёи Марказӣ табдил мешавад."

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, ин  ҳодиса баъди он рух додааст, ки хабаргузорӣ талаби аз саҳифаи интернетӣ бардоштани хабар дар бораи мақоми духтари президент Рухшона Раҳмоноваро дар Вазорати корҳои хориҷӣ рад кард.