Дар Душанбе имрӯз, 22 ноябр масъалаҳои узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва дурнамои ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо ин Иттиҳод баррасӣ мешаванд.

Ба ин муносибат намояндагии Фонди рушди «Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ»-и Русия дар ҳамдастӣ бо Намояндагии тиҷоратӣ ва сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамгиройии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ИИАО: воқеъият ва дурнамо» мизи гирд баргузор мекунад.

Дар кори мизи гирд баррасии масъалаҳои рӯзмарраи узвияти Тоҷикистон ба ин Иттиҳод ва муҳоқимаи натиҷаҳои таҳқиқот оид ба масоиле чун вазъи муосири лоиҳаи ҳамгиройии авруосиёӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилаи ИИАО ва Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар чорабинӣ ҳамчунин атрофи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи танзими муҳоҷирати байнулмилалии қувваи корӣ, таҳлили равандҳои муосири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар сурат мегирад.

Дар кори мизи гирд иштироки директори департаменти ҳамгиройии Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ Сергей Шухно, ҳамчунин коршиносону сиёсатмадорон ва олимону дигар намояндагони доираҳои кории Тоҷикистону Русия дар назар аст.