Рӯзҳои 9-11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти СММ доир ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN-DESA) Симпозиуми Байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” баргузор мегардад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, симпозиум намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандиро ҷамъ хоҳад кард.

Дар маҷмӯъ, дар ин Симпозиум зиёда аз 500 нафар меҳмонон аз 90 кишвари олам, 47 ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СҲШ, ИДМ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон  иштирок хоҳанд кард.

Дар Симпозиум ҳамчунин ноиби Дабири кулли СММ ҷаноби Гян Чандра Ачаря ва намояндагони боз 17 сохторҳои дигари СММ иштирок хоҳанд дошт.

Дар рафти Симпозиум масъалаҳои -афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ,  табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмиллалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа ва пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои  ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он баррасӣ хоҳанд шуд.

Симпозиум барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он, ҳамчунин дар доираи даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, замина фароҳам хоҳад овард.

Бо таваҷҷуҳ ба баҳсҳои ба наздикӣ ба вуқӯъ пайваста, дар зерматни Панели сатҳи баланд доир ба об, ки бо ибтикори  Дабири Кулли СММ ва Президенти Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки ҳамраисон, Президенти Мавритания ва Президенти Мексика даъват карда шудааст, Симпозиум дар назди худ ҳадафгузорӣ намудааст, то заминаеро барои муҳокимаи ҳамаҷониба ва мутавозини чораҳои сиёсӣ, амалҳо ва роҳҳои иҷрои онро бо мақсади дарёфти фаврии Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он  фароҳам  оварад.

Дар рафти Симпозиум  ҷаласаи 4-уми мушовирони махсуси Панели сатҳи баланд оид ба масоили об ва дигар чорабиниҳо доир хоҳанд шуд.