Дар доираи сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Вашингтон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии С5+1 рӯзи 4 август мулоқоти ӯ бо муовини котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот доираи васеъи ҳамкориҳои дуҷониба ва инчунин натиҷаи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии сиғаи С5+1 мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо натиҷаи мулоқоти вазирони С5+1-ро дар Вашингтон мусбат арзёбӣ намуданд ва аҳамияти баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва муҳити зистро дар ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

Ҳамин рӯз Сироҷиддин Аслов ҳамчунин бо ёвари котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ниша Бисвал низ дитдуору гуфтушунида карда, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.