- Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон ҳамла ба иштирокчиёни гирдиҳамойии осоиштаи рӯзи 23 июл дар Кобулро қотеъона маҳкум намуд, - хабар медиҳад Маркази иттилоооти СММ.

Дар изҳороти роҳбари Дафтари СММ дар Афғонистон Тадамичи Ямамото қайд мешавад, ки ҳамлаи мазкур бахусус разилона аст, зеро шаҳрвандони осоишта, ки аз ҳуқуқи қонунии худ ба баргузории маҷлису изҳори озодонаи андеша истифода бурданд, мавриди ҳадаф қарор гирифтанд.

«Ҳамлаи тарҳрезишуда ба издиҳоми бузурги шаҳрвандони гирдомада метавонад ҳамчун ҷинояти низомӣ баррасӣ шавад ва ба он ҳеҷ гуна далели бегуноҳӣ наметавон дарёфт кард. Ин кӯшиши тарсу ҳарос афкандан миёни аҳолии осоишта ва маҳрум кардани афғонҳо аз озодиҳое мебошад, ки баҳри он онҳо талафоти зиёде додаанд», - изҳор доштааст Тадамичи Ямамото.

Ӯ ба хешону наздикони ҳалокшудагон ҳамдардӣ изҳор намуда, талаб кардааст, ки ҳамаи гунаҳкорони ба ин амали террористӣ дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Тибқи маълумоти ВАО, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда миёни издиҳом дар майдони Деҳмазанг ду таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки онро ду маргталаб анҷом доданд. Террористи сеюми ба майдон воришударо кормандони пулис боздошт карданд. Бино ба маълумоти ахир, бар асари ин амали террористӣ 80 нафар ҳалок ва беш аз 230 нафар ҷароҳат бардоштанд.