Нисбати ду афсари Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, ки бо иштироки онҳо рӯзи 1 декабр дар шаҳри Хоруғ садамаи нақлиёти марговар рух дод, мутобиқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи гарнизони Хоруғ хабар дод.

Ҳарду афсар дарҳол пас аз рух додани садамаи налиёт боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор доранд.

Манбаъ аз эҳтимол дур намедонад, ки ба онҳо мутобиқи дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ низ айбнома пешниҳод шавад.

“Вобаста ба ин далел ташхисҳои сершумор гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаҳои он метавон саҳеҳ гуфт, ки ба афсарон боз кадом айбномаҳо пешниҳод шуда метавонанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Дар моддаи 21, қисм 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъоляти муайян ба муҳлати то 5  сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи садамаи нақлиёт, ки рӯзи 1 декабр дар мавзеи НБО Помир-1, дар деҳаи Нивак рух дод, ду нафар, аз ҷумла зани ҳомиладор ба ҳалокат расида, боз ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.