Парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди ШВКД ноҳияи Вахш Набиҷон Холиқзода, ки ба куштори ҳамсараш айбдор карда мешавад, ҷиҳати баррасӣ ба суди вилояти Хатлон ирсол гардид.

Бино ба иттилои як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон, рӯзи 8 сентябр сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш Турсунҷон Аминҷонова бо силоҳи оташфишон дар манзилаш парронида шуд.

Прокуратури ноҳияи Вахш ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят ҳамсари зани марҳум Набиҷон Холиқзода, сарнозири гурӯҳи назорат, таҳлил ва қайди ШВКД ноҳияи Вахшро боздошт намуд.

Бино ба гуфтаи прокурори ноҳияи Вахш Салоҳиддин Исмоилзода, ки тафтиши ин парвандаро гузаронид, Набиҷон Холиқзода бо сабаби муноқишаи оилавӣ ба ин куштор даст задааст.

“Ӯ занашро аз силоҳи хизматии худаш парронидааст, ки ҳамон рӯз барои иҷрои дастури хизматӣ гирифта буд. Куштор дар ҳузури писари ноболиғашон сурат гирифтааст”, - гуфт ӯ.

Ба Набиҷон Холиқзода мутобиқи моддаҳои 104, қисми 2, банди “е” (Куштори бераҳмона) ва 120 (Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбнома пешниҳод гардид.

Ба қавли прокурори ноҳияи Вахш, дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки Холиқзода зани дуюм ҳам дошта, ба ӯ низ бо силоҳу корд таҳдид намудааст.

“Аз ин рӯ, нисбати ӯ бо моддаи 120-и Кодекси ҷиноятӣ низ айбнома пешниҳод гардид. Тафтиш 26 октябр ба итмом расида, парванда ҷиҳати баррасии минбаъда ба суди вилояти Хатлон фиристода шуд”, - илова кард прокурор.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.