Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 45-солаи пойтахт хабар медиҳад, ки нисбаташ ба гумони барнагардонидани қарзи бонкӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсия соҳибкореро аз Душанбе, ки дар барнагардонидани ду қарзи гирифта аз «Тоҷиксодиротбонк» айбдор дониста мешавад, боздошт намуданд.

Гуфта мешавад, моҳи апрели соли 2015 ӯ аз филиали «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ ба муҳлати се моҳ 43 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, онро пардохт намекунад ва илова бар ин, баъдтар дар ҳамон филиал барои рушди тиҷораташ боз ба муҳлати як сол 30 ҳазор доллар қарз мегирад. Қарзҳо баргардонида нашудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки бо ин амалҳои худ шаҳрванд ба филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар маҷмӯъ ба маблағи 56 ҳазору 966-доллари амрикоӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Қайд мешавад, ки нисбати номбурда мутобиқи моддаи 246 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Тасарруфи пулу молӣ ба тариқи кредит додашуда) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.