Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави шаҳри Исфараи вилояти Суғд 29 кило симобро мусодира намуданд, ки тариқи қочоқ аз Қирғизистон ба ҷумҳурӣ ворид шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд ду марди 31 ва 34-солаи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад, онҳо аз “Қилич” ном шаҳрванди Қирғизистон моддаи сахттаъсири заҳролудкунанда, яъне “металли симоб”-ро, ки ҳар як килограмми онро 1 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда буданд, пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ба минтақаи Зарафшони шаҳри Исфара ворид намудаанд.

«Санаи 22-юми январи соли 2018, тахминан соати 18:50-дақиқа, ҳангоми кофтуков аз онҳо 29-килограмм моддаи моеъи ба гурӯҳи “металли симоб” дохилшаванда, дарёфт ва мусодира карда шуд», - омадааст дар хабари ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.