Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Брянски Русия як гурӯҳи донишҷӯёни мактаби олиро, ки дар қаламрави шаҳр ба фурӯши маводи мухаддири сахттаъсири героин машғул будаанд, боздошт намуданд.

Тавре дар сомонаи газетаи «Брянские Новости» хабар дода мешавад, аз онҳо 350 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира шудааст.

Бо истинод ба Раёсати ВКД-и шаҳр гуфта мешавад, ба ҳайати ин гурӯҳи ҷиноятпеша 3 нафар шаҳрвандони 19-солаи Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия шомил будаанд.

«Ҳамаи онҳо донишҷӯёни мактаби олии шаҳр буда, дар вақти холигӣ аз дарс маводи мухаддир мефурӯхтаанд, - омадааст дар хабар. - Зимни боздошт аз онҳо 240 грамм бастаи героин ва дар манзили яке аз донишҷӯён низ боз 120 грамм чунин навъи маводи нашъаовар дарёфт шудааст».

Бино ба иттилои манбаъ, нисбати ин амали донишҷӯён парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба онҳо ҷазои аз 10 то 20 соли зиндон бо ҷаримаи то миллион рубл таҳдид мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.