Ду нафар сокини вилояти Суғд барои қатли бераҳмонаи ҷавони 21-сола, ки бо автомашинааш ба аҳолӣ хизматгузорӣ мекард, ҳар кадоме ба 25 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, куштор дар қаламрави ҷамоати Хистеварз сурат гирифта, зимни дар мошини сокини 21-солаи ноҳия Дилшод Ҳусейнзода қарор доштан, бар асари муноқишаи байнашон рухдода онҳо ронандаро лату кӯб ва буғӣ карда, ҷасадро ба обанбор мепартоянд.

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи кушташуда - «Опел-Астра»-ро дар қаламрави ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ фурӯхта, пулро байни ҳамдигар тақсим мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки суд Озодбек Содиқови 22-сола, сокини ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ғайбулло Сатторови 21-сола, сокини ноҳияи мазкурро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷинои Тоҷикистон (одамкушӣ) гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба муҳлати 25 сол равонаи зиндон кард.