Дар шаҳри Минск охири ҳафтаи сипаришуда прокуророни генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Беларус Александр Конюк  вохӯрии корӣ баргузор намуданд, ки дар он ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Покуратураи генералии ҶТ, дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин ёрдамчии прокурори генералии ҶТ Ҳотамбеков А., сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода М., сардори Раёсати назорати  иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук Юсуфӣ М., прокурори шаҳри Гулистони вилояти Суғд Абдуллозода А. ва сафири Тоҷикистон дар Беларус Қ.Қоимдодов ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Ҷумҳурии Беларус муовини Прокурори генералӣ Стук А. ва  дигар  шахсони  масъул  иштирок  доштанд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ, таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсия, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, мубодилаи таҷриба дар амалисозии чорабиниҳои соҳави мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби прокуророни генералии Тоҷикистон ва Беларус барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои ҳарду ҷониб барои солҳои 2018-2019 бо нишон додани чорабиниҳои мушахаси муштарак ба имзо расонида шуд.