Ба ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти сарварии сокини 60-солаи пойтахт Ҳамид Давлатов 4 нафар наврасону ҷавонон ва афроди миёнсоли душанбегӣ дохил мешудаанд.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳ ҳамроҳ бо Шараф Шамшоди 15-сола, Азиз Бӯриеви 17-сола, Шукрулло Одилови 26-сола ва Абдусаттор Пирови 34-сола муддати ду моҳи охир ба ғорати манзилҳои шаҳрвандони Чин дар пойтахт машғул будаанд.

«Аъзои гурӯҳӣ ҷиноятпеша аз се манзили ғораткардаашон беш аз 1 млн. 233 ҳазор сомониро тасарруф ва бо худ бурдаанд», - хабар медиҳад ВКД.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон аз рӯи далелҳои ғоратгарӣ, дуздӣ ва авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.