Суди шаҳри Душанбе ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомониро нисбат ба Сайфиддин Назарзода, собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) бетағйир боқӣ гузошт.

Сайфиддин Назарзода дар риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон» айбдор дониста шуда, ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ (1350 доллар) ҷарима шуда буд.

Бахтиёр Насруллоев, адвокати собиқ директори КМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суди шаҳри Душанбе санаи 7 ноябр аризаи шикоятии таҷдиди назари ҳукм аз ҷониби Назарзодаро баррасӣ ва тасмим гирифт, ки қарори суд бетағйир боқӣ гузошта шавад.

«Норозигии аслии мо дар он аст, ки ҳукм ноадолатона аст, - қайд кард адвокат. - Мо пешниҳод кардем, ки навори видео ва аксҳои тӯй дубора санҷида шаванд, одамони ҳузурдошта низ як маротибаи дигар шуморида ва ташхис гузаронида шавад, лекин суд қонеъ кардани дархости моро рад карда, изҳор дошт, ки «пешниҳоди шумо асос надоранд».

Ба гуфтаи адвокат, айни замон «онҳо ният доранд, ки аз болои қарор бо тартиби назоратӣ шикоят бурда, ба суди шаҳри Душанбе шикояти таҷдиди назар пешниҳод кунанд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 сентябр суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзодаро барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба пардохти 12,5 ҳазор сомонӣ (наздики 1,5 ҳазор доллар) ҷарима уҳдадор кард.

Тоҷиддин Ҳабибуллоев, падари зани писараш (қудояш) низ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Худи собиқ мудири Китобхонаи миллӣ худро айбдор намешуморад ва мегӯяд, парванда сохта ва баррасии он ғайримунсифона сурат гирифт.