Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ чор тан аз сокинони вилоят барои узвият дар равияи мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи Салафия маҳкум шуданд.

Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Содиқҷон Ваҳҳобзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чор нафар сокинони бекори ҷамоати Гулхонаи ноҳия Муъмин Содиқов ва Бахтиёр Аҳмадов, ҳарду 23-сола, ҳамчунин Маҳмуд Файзиеви 20-сола ва Ҳомид Бойматови 39-сола дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307, прим. 3, қ 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф гардида, ҳар кадоме аз онҳо ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо моҳи июни соли 2017 аз ҷониби кормандони КДАМ Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт шудаанд. «Онҳо ихтиёрӣ ба сафҳои равияи фаъолияташ манъшуда Салафия пайваста, то замони боздошт ба таблиғи афкору ақидаҳои ин равия машғул ва ибодатҳояшонро ҳам «салафиёна» адо мекардаанд», - қайд кард Ваҳҳобзода.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд,  гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар, аз ҷумла яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён Сироҷиддин Абдураҳмонов низ маҳкум шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.