Шаҳрванди Афғонистон бидуни анҷоми расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ният дошт, ки автомашинаи гаронбаҳоро аз Тоҷикистон ба кишвараш интиқол диҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳангоми кӯшиши ба Афғонистон интиқол додани автомашинаи тамғаи «Тойота ленд Крузер-200»-и истеҳсоли соли 2016, ки арзишаш 480 ҳазор сомонӣ (60,7 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад, кормандони гумрук шаҳрванди Афғонистон Султон Муҳаммад Наимро боздошт намудаанд.

Гуфта мешавад, зимни санҷиш гумрукӣ маълум шудааст, ки автомашинаи мазкур аз тарафи шахсони номаълум бидуни анҷоми расмиёти гумрукӣ  ба таври қочоқ ба марзи Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 289 қисми 1 (қочоқ-и) Кодеси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.