Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон далели худкушӣ назди бинои мақомоти шаҳрдории пойтахтро тасдиқ намуда, вале сабаби ба ин амал даст задани ин мардро дигаргуна унвон кард.

Дар раддияи ВКД Тоҷикистон қайд мешавад, ки нимаи дуюми рӯзи 11 апрел Шарипов Ҳикматулло Неъматович, соли таваллудаш 29.03.1980, ҳангоми гузаштан аз назди бинои Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе қисми пеши гарданашро бурида, ба беморхонаи марказии шаҳраки тиббӣ бистарӣ гаштааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа маълум гардид, ки аз соли 2014 бо се фарзанд бинобар муноқишаҳои доимӣ аз ҳамсараш Муминова Шаҳноза ҷудо шуда, бо сохторҳои давлатӣ мунтазам муроҷиат кардааст.

«Дар ин давом Шарипов Ҳ. дар натиҷаи муноқишаҳо бо модарарусаш Улматова Эътибор хонаи ӯро оташ зада, бо моддаи 255 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, - омадааст дар раддия. - Бинобар дар ҳолати руҳии носолим қарор доштанаш кӯшиши ба худкушӣ даст задан намуда, ҳоло дар беморхона дар ҳолати муътадил қарор дорад».

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дошта, ҳодисаи рухдода аз рӯи ахбороти паҳншуда ба ронандаи таксӣ ягон алоқамандӣ надорад.