Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” изҳор дошта буд, ки ба хотири арзон кардани билет арзиши онро 12 фоиз поин мебарад. Дар ҳавопаймо дигар хӯрок намедиҳанд, лекин нархи билет, ба гунаи мисол дар хатсайри Душанбе - Маскав мисли пешин боқӣ мондааст.

То моҳи майи соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоӣ мусофирони ин хатсайрро бо хӯроки гарм таъмин мекард.

“Тибқи муқаррарот ва дигар санадҳои байнулмилалии меъёрӣ, хӯроки гарм ба мусофирони хатсайри муҳлати парвозаш беш аз 3 соат, ҳамчунин мусофирони дараҷаи тиҷоратӣ сарфи назар аз самти парвоз дода мешавад”, - гуфта буданд дар ширкат.

Санаи 31 май дар “Сомон Эйр” қайд карданд, ки арзиши парвозҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта гӯё ба андозаи 12% поин рафтааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, тарифҳо соли гузашта баръакс - ба андозаи 6,4 фоиз боло рафта, нархи сафар тариқи нақлиёти ҳавоӣ давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ҳатто 54,7% афзуд.

Мо ҳамаи хатсайрҳои ширкатро, ки поинравии нархҳо дар он ваъда дода шуд (хатсайрҳое, ки бо қарори онҳо хӯроки гарм дода намешавад, - эзоҳи идора), насанҷидем, лекин нархи билетҳои “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе - Маскав, ки муҳоҷирони корӣ асосан аз он истифода мебаранд, аз оғози моҳи ҷорӣ бетағйир боқӣ мондааст.

Арзиши билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе - Маскав имрӯз, 10 июн дар сомонаи ширкат чун дар аввали моҳи ҷорӣ “аз 188 доллар” зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки нархи билет дар ҳамон як хатсайр ба дар кадом вақт харидорӣ кардани билет аз ҷониби мусофир вобаста аст: чӣ қадр барвақттар то парвоз гирифта шавад, ҳамон қадар арзон ва баръакс.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.