Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмиру навсозии меҳмонхонаҳои “Пойтахт” ва “Вахш” дар Душанбе сармоягузор ҷуста, саҳмияҳои меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ба фурӯш гузошта шудаанд.

Миёни лоиҳаҳои ҷойдошта дар сомонаи КВД “Тоҷинвест” лоиҳаи таъмиру навсозии меҳмонхонаи “Пойтахт” (собиқ меҳмонхонаи “Душанбе”) бо арзиши 8 млн. доллар ҷойгир шудааст.

Барои амалисозии лоиҳаи таъмиру навсозии меҳмонхонаи “Вахш” бошад, дар ҳаҷми 4 млн. доллар сармоягузорӣ зарур аст.

Қобили зикр аст, ки ҳарду меҳмонхона ҳам моликияти давлатӣ мебошанд.

Боз дар як лоиҳаи сармоягузорӣ фурӯши меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe зикр мешавад, ки арзиши бастаҳои саҳмияҳояш зикр намешавад.

Дар худи меҳмонхона маълумоти мазкурро на тасдиқ карданду на инкор. “Мо дар даст чунин маълумот надорем”, - гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Hyatt Regency Dushanbe.

Меҳмонхонаи панҷситорадор дар соҳили “Кӯли ҷавонон” соли 2018 аз ҷониби ширкати “Русские отели”, муталлиқ ба олигарх Олег Дерипаска сохта ба истифода дода шуд. Барои сохтмони иншоот, ки ба уҳдаи ширкати туркии ENKA вогузор шуда буд, 100 млн. доллар маблағ харҷ шуд.

Соли 2017 меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe  дар қатори маркази тиҷорати “Созидание” ба ихтиёри ТАЛКО дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.