Шумори молу маҳсулоти содиротии Тоҷикистон тайи се соли охир беш аз се баробар афзуд.

Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Ҳайдар зимни вохӯрӣ бо директори иҷроияи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ Арача Гонсалес дар Женева изҳор дошт, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳиссаи содирот дар муомилоти моли хориҷии кишвар аз 20% дар соли 2015 то ба 25,3% дар соли 2018 расидааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, шумори шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра аз 90 то ба 110 кишвар зиёд шуда, номгӯи молу маҳсулоти содиротӣ аз 150 то ба 480 номгӯй боло рафт.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, соли 2018 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 4 млрд. 222 млн. долларро ташкил дод.

Содироти молу маҳсулот дар ин давра ба маблағи умумии 1 млрд. 73 млн. доллар (25,3%) сурат гирифт.

Соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 4 млрд. 325 млн. долларро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2018 - 103 млн. доллар зиёдтар аст.

Соли 2015 содирот дар ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот ба 890 млн. доллар (20,5%) баробар шуд.

Дар сохтори содироти Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз нисфашро маҳсулоти минералӣ (ашёи хом) ташкил дод.

Ғайр аз ин, наздики чоряки содиротро сангу металлҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо ва маснӯот аз онҳо, ҳамчунин беш аз 20%-ашро маҳсулоти дӯзандагиву бофандагӣ ташкил доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.