Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи аҳднома оид ба боркашонии байналмилалии нақлиётӣ (КАБ)-ро марбут ба борхати электронӣ тасдиқ намуд.

Борхати электронӣ ҳуҷҷатест, ки аз маълумоти мукаммали зарурӣ дар бораи боркашонӣ иборат буда, дар ҳамлу нақли байнулмилалӣ истифода мешавад ва пайгирии интиқоли борро таъмин мекунад.

Зимни суханронӣ санаи 29 май назди вакилони парлумон доир ба ин масъала вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода қайд кард, ки протоколи мазкур соли 2011 мавриди амал қарор гирифта, то имрӯз 11 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон ба сафҳои он пайвастаанд.

Вазир таъкид дошт, ки роҳандозии борхати электронӣ дар боркашонии байнулмилалӣ истифодаи борхатҳои коғазиро маҳдуд намекунад. Гузаштан ба борхати электронӣ ба гуфтаи ӯ, давра ба давра амалӣ мешавад.

Худоёрзода зикр кард, ки гузаштан ба борхатҳои электронӣ вақти ба ҷойи дигар интиқол додани бор ва ҷамъоварии пардохтҳои гумрукиро ҳангоми гузаштани сарҳад камтар мекунад.

“Ин механизм ба камшавии вақти таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои назоратӣ мусоидат менамояд. Маълумот дар бораи борҳои интиқолмеёфта то омадани воситаи нақлиёт пешакӣ ба гузаргоҳ расида, дар муқоиса бо борхати коғазӣ намунаи электронии он гум намешавад”, - гуфт ӯ.

Бино ба гуфтаи вазир, тағйири ҳаҷми бор ҳангоми истифодаи борхати электронӣ ғайриимкон аст, ки ба ин васила он ба механизми муносиб зидди қочоқи молу маҳсулот табдил меёбад.

Шарҳ дода шуд, ки борхати электронӣ барномаи компютериест, ки аз ҷониби Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ таҳия шудааст.

“Ба кишварҳои узви Иттифоқи байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ, ки Тоҷикистон низ ба он мансуб аст, барои роҳандозии чунин механизм таъминоти барномавӣ пешниҳод мегардад”, - илова кард ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.