Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ санаи 25 апрел маросими баимзорасонии    «Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ "Авесто Гурӯҳ" оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии "Сиёма» дар шаҳри Душанбе" баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, татбиқи лоиҳа бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои рушди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноатикунонии кишвар, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чорум эълон гардидааст, равона карда шудааст.

Гуфта мешавад, амалисозии лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

“Аз ҷониби ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ, сохтмони корхона, харидории техника ва технологияи зарурии истеҳсолӣ, сохтмони инфрасохтори зарурӣ анҷом дода мешавад”, - омадааст дар хабари Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки муҳлати амали созишнома аз рӯзи тасдиқ гардидани он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 10 солро дар бар гирифта, зимни татбиқи лоиҳа талаботи сохтмонӣ, бехатарӣ ва экологии кишвар аз тарафи Сармоягузор пурра риоя мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҶДММ “Авесто Гурӯҳ”  дар ҳамдастӣ бо ширкати туркии Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi дар Душанбе корҳои васлу насби автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст.

Боз як лоиҳаи “Авесто Гурӯҳ” роҳандозии барномаи CityCard – пардохти ғайринақдии маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.