Қарзи умумии корхонаҳои Тоҷикистон (бе назардошти корхонаҳои соҳибкории хурд) соли гузашта ба миқдори 28,8 млрд. сомонӣ (беш аз 3 млрд. доллар) афзуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ба санаи 1 январи соли 2019 қарзи умумӣ аз рӯи уҳдадориҳои корхонаҳо наздики 73 млрд. сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 қариб 28,8 млрд. сомонӣ зиёдтар мебошад.

Қарзи дебиторӣ (қарз ба худи онҳо)-и корхонаҳо ба аввали соли равон ҳамагӣ 21 млрд. сомониро ташкил дода, соли охир ба андозаи 6,7 млрд. сомонӣ афзудааст.

Вазни қиёсии корхонаҳои зиёновари ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 25,4%-ро ташкил додааст, ки асосан аз корхонаҳои саноати коркард, сохтмону нақлиёт, хоҷагии анбордорӣ ва алоқа иборат мебошанд.

Ҳиссаи корхонаҳое, ки соли 2018-ро бо фоида (даромад) ҷамъбаст кардаанд, ҳатто ба ҳадди 60% намерасад.

Фоидаи умумии тавозунии корхонаҳои бузург ва миёнаи кишвар дар соли гузашта ҳамагӣ ба ҳудуди 1,8 млрд. сомонӣ (190 млн. доллар) баробар шудааст.

Миёни корхонаҳои кишвар ширкати “Барқи точик” аз ҳама бештар қарздорӣ дорад, ки ба аввали соли ҷорӣ 23,1 млрд. сомонӣ (наздики 2,5 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати саноат, соли гузашта аз 2 ҳазору 97 корхонаҳои саноатии сабтшуда (бо шумули корхонаҳои хурд) 127-тоаш ё худ 6% аз шумори умумӣ фаъолият накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.