Корхонаҳои истеҳсоли сементи Тоҷикистон семоҳаи аввали соли равон наздики 843 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Ҳаҷми истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (семоҳаи аввали соли 2018 – 774 ҳазор тонна) ба андозаи 9% афзудааст.

Дар Вазорат қайд мекунанд, ки наздики 85%-и сементи соли равон истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба ҳиссаи се корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - «Чунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Хуаксин Ғаюр Суғд» рост меояд. Ҳиссаи корхонаи “Сементи тоҷик”-и пойтахт ҳамагӣ 6,4% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, қариб 36%-и сементи истеҳсолшуда дар кишварро давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ Тоҷикистон ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя содирот намуд. Аз ҷумла 150 ҳазор тонна ин навъи масолеҳи сохтмон ба Ӯзбекистон, зиёда аз 140 ҳазор тонна – ба Афғонистон ва боз қариб 12 ҳазор тонна – ба Қирғизистон фурӯхта шудааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ раҳбарияти Вазорати саноат дар вохӯрӣ бо намояндагони ширкати Huaxin Cement ба сармоягузорони Чин пешниҳод намуд, ки ба рушди дигар соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ низ маблағгузорӣ намоянд. Бо кумаки молиявии Huaxin Cement дар Тоҷикистон ду корхонаи бузурги сементбарорӣ сохта шуда, боз мавриди истифода қарор гирифтани яктои дигараш ба наздикӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни замон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи онҳо наздики 5 млн. тонна арзёбӣ мешавад.

Аммо аз ин дастовардҳои саноатчиён экологҳо нигаронӣ изҳор мекунанд ва бар ин назаранд, ки афзоиши беҳад зиёди шумори корхонаҳои сементбарорӣ ба вазъи муҳити зист ва экология таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.