Ҳукумати Тоҷикистон имкони барқарор намудани имтиёзҳоро аз пардохти андоз ба ворид кардани гандум барои корхонаҳои ордбарорӣ ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳоро мариди баррасӣ қарор дорад.

Имтиёзҳои амалкунанда ба истеҳсол ва фурӯши орд аввали соли равон бекор шуда, пас аз ин арзиши ин маҳсулоти ниёзи аввал дар ҷумҳурӣ давоми моҳи январ қариб ба андозаи 5% боло рафт.

“Вазорати молия бо назардошти пешниҳоди истеҳсолкунандагони орд лоиҳаи тайиротро ба буҷети давлатии соли 2019 таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуд. Дар ин тағйрот муқаррар намудани АИИ ҷиҳати ворид кардани гандум барои корхонаҳои коркард бо меъёри 10% пешниҳод мешавад. Барои фурӯши маҳсулоти корхонаҳои ордбарорӣ низ ҳамин андоза меъёри пардохти андоз пешбинӣ шудааст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи андози Тоҷикистон.

Дар Кумита қайд карданд, ки лоиҳаи тағйироту иловаҳои зикршуда айни замон мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки то 1 январи ҳамин сол меъёри имтиёзноки 10%-аи ААИ ба ворид кардани гандум (ба истинои гандуми воридшуда барои истеҳсоли маҳсулоти зераксизӣ), таъмини корхонаҳои коркард бо он, ҳамчунин фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои ордбарорӣ амал мекард.

Аммо дар буҷети соли 2019 дар руйхати имтиёзнок танҳо воридоти гандумро боқӣ гузоштанд. Меъёри ААИ ба минбаъд таъмин кардани корхонаҳои коркард бо гандум ва фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ дар сатҳи 18% муқаррар шуда буд.

Қобили зикр аст, ки орду гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон оварда мешаванд, ки аз ҳаҷми умумии воридот ба ҳиссаи ин кишвар беш аз 90% рост меояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.