Сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба суботи молиявӣ Фернандо Данкоза батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъолро зарур шуморида, гаронии пардохтҳои андозӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзиро зикр намуд.

Дар ин маврид ӯ 26 феврал дар Душанбе, зимни баргузории мизи мудаввари “Масъалаҳои андоз ҳангоми батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол” андешаронӣ намуд.

Фернандо Данкоза аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ кардан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳии муҳосиботӣ (МСФО) мисол оварда, зарурати таҷдиди назар кардани сиёсати андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои буҳронӣ ба инобат гирифтани имтиёзҳоро зикр намуд, - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти БМТ.

Дар ҷараёни ин мизи гирд, ки роҳбарияти БМТ ва ташкилотҳои қарзӣ низ иштирок доштанд, оид ба паст кардани ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол пешниҳодҳои гуногун ироа гардиданд.

Ҳамзамон, оид ба роҳҳои ҳалли қарзҳои ғайрифаъол,аз ҷумла ташкил намудани фондҳо, ба фурӯш баровардани қарзҳои ғайрифаъол бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, тамдид ва таҷдиди онҳо, сохтори қарзҳои ғайрифаъол дар тавозун, таъсири низоми андозбандӣ ба ин равандҳо аз ҷониби коршиносон мавриди таҳлил қарор гирифт.

Қарзҳои муаммодор

Ҳаҷми умумии қарзҳои муаммодор дар бахши бонкии Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ 1,9 миллиард сомонӣ (баш аз $200 млн.)-ро ташкил намуд.

“Қарзҳои муҳлаташон гузашта дар назди банкҳо ва ташкилотҳои хурди молиявӣ то ба санаи 1 январи соли 2019 1854,9 млн. сомонӣ арзёбӣ карда мешавад”,- омадааст дар ҳисоботи Агентии омори назди Президенти ҶТ.

Сурат: аз БМТ

Ҳаҷми умумии қарзҳои муҳлаташон гузашта 21% -и ҳиссаи карзии системаи бонкии кишварро ташкил медиҳад ва дар оғози сол ҳаҷми он 8,6 млрд сомонӣ гуфта мешуд.

Беш аз 31%-и (578,1 млн сомонӣ) ин қарзҳо бо пули миллӣ ва 69%-и он (1 млрд 276,8 млн сомонӣ) бо асъори хориҷӣ пешниҳод гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, давоми як соли охир ҳаҷми қарзҳои муҳлаташон гузашта беш аз 100 млн сомонӣ кам гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.