Ширкати роҳҳои оҳани Ҷунани Чин то 70% саҳмияҳои яке аз бонкҳои дорои мушкилоти Тоҷикистон – “Тоҷиксодиротбонк”-ро харида метавонад.

Дар ин бора байни раҳбарияти корпоратсияи Чин ва бонки Тоҷикистон созишномаи дахлдори пешакӣ ба имзо расидааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз “Тоҷиксодиротбонк”.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон сармоягузорони чинӣ имконоти ворид шудан ба сармояи бонки Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Бо назардошти айни замон каме бештар аз 300 млн. долларро ташкил додани сармояи “Тоҷиксодиротбонк”, ҳаҷми тахминии сармоягузории корпоратсияи чинӣ то 200 млн. долларро ташкил дода метавонад.

“Дар робита ба ҷалби захираҳои молиявӣ низ бо чанде аз ташкилотҳои хориҷӣ гуфтушунидҳо чараён доранд”, - гуфтанд дар бонк.

Инҳо аз ҷумла, бонкҳои русиягии “ВТБ”, “Себрбанк”, “Казкоммесрбонк”-и Қазоқистон, ҳамчунин сохторҳои тиҷоратӣ аз Гонконг, Словакия ва Малайзия мебошанд.

Ғайр аз ин, моҳи майи ҳамин сол “Тоҷиксодиротбонк” бо Ширкати сармоягузории Арабистони Саудӣ «Saudi Investment Group» қарордоди пешакӣ ба имзо расонид. Ширкати мазкур ният дошт, ки бастаи назоратии саҳмияҳо (то 51%-и саҳмия)-и “Тоҷиксодиротбонк”-ро харидорӣ намояд.

“Гуфтушунидҳо бо ҳамаи ин ташкилоту ширкатҳо идома дошта, бо яке аз онҳо, ки нахуст ба харидории саҳмияҳои бонки мо тасмим мегирад, қарордоди ниҳоӣ ба имзо хоҳад расид”, - илова карданд дар “Тоҷиксодиротбонк”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.