Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон як қисмате аз бино ва иншооти осошгоҳи “Оби Гарм” дар шаҳраки Обигарми шаҳри Роғунро ба музояда гузоштааст.

Дар эълони нашршуда дар сомонаи КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар ин робита қайд мешавад, ки савдои бинову иншоот санаи 2 ноябр доир гардида, нархи ибтидоии он 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Осоишгоҳи “Оби Гарм” дар 100 километрии шарқи Душанбе дар канори чапи рӯди Элок (шохоби дарёи Вахш) дар баландии 1300 метр воқеъ аст.

Дар заминаи яке аз сарчашмаҳои оби минералии гарм истироҳатгоҳ (курорт)-и “Оби Гарм” дар қаламрави шаҳри Роғун ҷойгир ва фаъолият дорад. Осоишгоҳи “Оби Гарм” барои муолиҷаи бемориҳои гуногун шароити мусоиди иқлимӣ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.