Ба воридшавии ширкатҳои Чин ба бозори Тоҷикистон таваҷҷуҳи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

“Таваҷҷуҳи доираҳои корӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ба Чин тасодуфӣ нест. Аз ин рӯ, ҳайратовар нест, ки корхонаҳои чинӣ ҷиҳати воридшавӣ ба бозори Тоҷикистон талош меварзанд”, - изҳор дошт зимни вохӯрӣ бо раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ян Хонбо, директори ширкат оид ба рушд ва ислоҳоти музофоти Юннан.

Ӯ қайд кард, ки айни замон ширкатҳои Чин ба бахшҳои гидроэнергетика, истеҳсоли маҳсулоти пӯлодрезӣ, металлҳои рангаву сиёҳ, зерсохтори сайёҳӣ, соҳаи агросаноатӣ ва парваришу истеҳсоли тамоку сармоягузорӣ мекунанд.

“Мо ният дорем, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, дар ин ҷо корхонаҳои бузург бо силсилаи мукаммали технологияҳо ва таҷҳизоти чинӣ бунёд созем”, - афзудааст ӯ.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, айни замон беш аз 70 корхона бо сармояи Чин дар Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳамчунин боз зиёда аз 200 ширкатҳои чинӣ дар ҷумҳурӣ ҳузур доранд. Ғайр аз ин, Чин дар амалисозии беш аз 50 лоиҳаҳои сармоягузории фарогири як қатор соҳаҳои афзалиятноки иқтисод ва иншооти зербинои Тоҷикистон иштирок дорад.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Чин наздики 600 млн. долларро ташкил дода, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ – қариб ба 434 млн. доллар расид.

Айни замон қарзи Тоҷикистон назди Чин зиёда аз 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки ба беш аз 40% аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон баробар аст.

Ғайр аз ин, тӯли 8 моҳи соли равон Чин ба Тоҷикистон ба маблағи умумии наздики 4 млн. доллар кумаки башардӯстона расонид, ки ба 14% аз ҳаҷми умумии кумаки гирифтаи Тоҷикистон дар ин давра рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.