Рушди воқеии иқтисоди Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон дар муқосиа бо ҳамин давраи соли гузашта 7%-ро ташкил дод.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ ба беш аз 47,5 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта дар нархҳои қиёспазир 7% бештар мебошад.

Бахши кишоварзӣ алҳол афзалият дорад

Дар сохтори ММД бахши кишовразӣ то ҳол афзалият дорад (18,6%), ҳарчанд ҳиссаи ин бахш дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 2,1% кам шудааст.

Бо назардошти то ҳанӯз ба охир нарасидани мавсими ҳосилғундорӣ, метавон пешбинӣ кард, ки то охири сол ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохтори ММД ба самти афзоиш тағйир меёбад.

Ба соҳаи саноат бо шумули энергетика 17,2%-и ҳиссаи ММД рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 0,1% зиёдтар аст.

Ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва лавозимоти истифодаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо дар сохтори ММД тӯли 9 моҳ 14,9%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбордорӣ- 11,6% ва андозҳо – 11,3%-ро ташкил медиҳанд.

Ҳукумат ният дорад, ки Тоҷикистони аграриро ба давлати рушдёфтаи индустриалӣ табдил диҳад. Бо ин мақсад тақвияти иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва коҳиши вобастагии иқтисод аз соҳаи кишваорзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Пешгӯиҳо

Соли гузашта афзоиши иқтисоди Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил дод. Имсол ҳукумат аз 7% сатҳи рушд интизорӣ дорад.

Чанде қабл Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯии суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро то охири ҳамин сол ва соли 2019 ба 1 банди фоизӣ – то 5% зиёд кард.

Охири моҳи сентябр Бонки осиёгии рушд ба ҷуз Тоҷикистону Қазоқистон, поинравии рушди иқтисод дар дигар кишварҳои Осиёи Марказиро пешгӯӣ намуда, рушди иқтисоди Тоҷикистонро 6% пешбинӣ кард.

То ин замон аввали моҳи сентябр Бонки авруосиёии рушд нигаҳдории сатҳи баланди фаъолнокии иқтисодиро то охири сол барои Тоҷикистон пешгӯӣ карда, рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи 7,1% имконпазир донист.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.