Бонки миллии Тоҷикистон ояндаи назлик ният дорад, ки нисбати ҶСК «Агроинвестбонк» чораҳои қатъӣ андешад. Ин бонки тиҷоратии дорои мушкилот метавонад ҳатто аз иҷозатномаи фаъолият маҳрум шавад.

«Агроинвестбонк» дар масъалаи баргардонидани воситаҳои давлатӣ аз иҷрои уҳдадориҳояш намебарояд, - изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода. – Аввали соли гузашта барои дастгирии вазъи молиявии ин бонк ҳукумат 1 млрд. 70 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард. Дастгирии давлатӣ ба муҳлати 5 сол бо 2%-солона пешниҳод шуд. Бонк то охири соли гузашта мебоист ба Вазорати молия 5%, соли равон – 20% ва солҳои минбаъда 25%-ии ин воситаҳоро бармегардонид».

Аммо, қайд кард Нурмаҳмадзода, уҳдадориҳои «Агроинвестбонк» ҳам соли гузашта ва ҳам имсол иҷронашуда боқӣ мемонанд.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, «Агроинвестбонк» уҳдадории ҷалби сармоягузории иловагиро низ иҷро карда наметавонад ки яке аз шартҳои асосии гирифтани дастгирии давлатӣ шуморида мешуд.

«Агар ин бонк аз иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтааш набарояд, тадбирҳои мушаххасе, ки дар боло зикр кардам андешида хоҳанд шуд», - афзуд Нурмаҳмадзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.