Санаи 14 октябр - Рӯзи соҳибкорон - Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷирони ватаниву хориҷӣ мулоқот мекунад.

Дар робита ба ин вохӯрӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз соҳибкорону тоҷирони кишвар дархост кард, ки пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳои худро то 30 сентябри соли ҷорӣ ба онҳо ирсол намоянд.

Мо ҳам тасмим гирифтем, ки назари онҳоро бифаҳмем

Аз мушкилоти худ ба журналистон ҳарф заданро соҳибкорон начандон хуш доранд ва ҳатто агар кадоме аз онҳо чизе гуфтанӣ шавад ҳам, хоҳиш мекунад, ки ному насабашро зикр накунем.

Аз натиҷаҳои назарпурсии мо маълум шуд, ки на ҳар касе дар Тоҷикистон ба таври густурда тиҷоратро роҳандозӣ карда метавонад. Қариб ҳамаи соҳаҳои даромаднок аллакай тақсим ва аз ҷониби доираҳои муайян мунҳасир (монополия) шудааст.

Тоҷирон ба «худиҳо» ва «бегона» ҷудо мешаванд

Шаҳрвандони қаторӣ бо ифтитоҳи мағозаву нуқтаҳои фурӯш дар бозорҳо (онҳо низ ба одамони дорои робитаҳои даркорӣ тааллуқ доранд) асосан ба савдои хурду миёна машғуланд. Аз яклухтфурӯшон молу маводи ниёзи аввалия (маъмулан маҳсулоти ғизойӣ ва сарулибос) харида, онро бо иловаи начандон зиёд ба нархаш мефурӯшанд ва ба ин васила рӯзгори оилаҳои худро таъмин месозанд. Вале аз ҳамин даромади начандон зиёд низ мебояд ба намояндагони мақомоти санҷиш ҳақ ҷудо кард.

Савдогарон мегӯянд, нозирон соатҳо метавонанд санҷиш гузаронанд, то ки баҳонае барои эродгирӣ пайдо кунанд. «Меоянду мегӯянд, ки ину он тағйир ёфт, вале мо ба ин чизҳо на он қадр сарфаҳм меравем. Барои халос шудан аз меҳмонони нохонда ва талаф надодани вақти пурқимату хароб нашудани асабҳо, «ба дасти онҳо» чизе додан лозим аст. Дар ҳамин ҳол, боз бо онҳо барои ҳаҷми маблағ низ савдо мебояд кард», - гуфтанд ба мо дар яке аз нуқтаҳои фурӯш.

Дар ҳоле ки фурӯшандагон ҳамаи пардохтҳоро саривақт месупоранд, баъзан онҳоро маҷбур мекунанд, ки барои моҳҳои оянда низ пешпардохт кунанд.

Таҳлилгарони соҳа мегӯянд, «ба тоҷирони ба ҳукумат наздик беохир имтиёзҳо дода мешаванд, ки онҳоро аз андозу дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод мекунад. Дар натиҷа сарбории андоз ба дӯши дигар соҳибкорон меафтад, охир нақшаро иҷро мебояд кард».

Мутахассисон бар ин назаранд, ки бидуни робитаҳои даркорӣ машғул шудан ба тиҷорат дар Тоҷикистон ва умеди рушди он мушкил аст.

«Ҳатто агар касе дар тиҷорат ба комёбие ноил гардад ҳам, дар ниҳоят кор ӯро нокомӣ интизор аст: тиҷорати муваффақро дар мо кашида мегиранд ва ба одамони бештар «арзанда» медиҳанд. Ин кор бо роҳҳои осони сершумори аз санҷиши замона гузашта амалӣ мешавад: аз оддитарини фишори маъмурӣ то рэкети маъмулӣ», - гуфт як соҳибкоре, ки аллакай бо тиҷораташ хайрбод кардааст.

«Замони канор рафтан аз мавқеи фишор фаро расидааст»

Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Нур Сафаров мавҷуд набудани муносибатҳои боэътимод миёни давлат ва тиҷоратро мушкили аслии соҳа медонад.

«Ин дар чӣ ифода меёбад? Фикр мекунам, ин ҷо бозгашт ба соли 1992 зарур аст. Тавре мо аз таъриху гуфтаҳои одамони хирадманд медонем, «ҳокимиятро ҳеҷ гоҳ ҳеҷ кас ба осонӣ намедиҳад, онро ё фатҳ мекунанд, ё  кашида мегиранд». Ҳукумат ба доираҳои корӣ ҳамчун ба «мағлубон» менигарад ва дар ҳамин ҳол, механизмҳои нави назорат ва таъсир ба тиҷоратро тақвият мебахшад, - мегӯяд ӯ. - Фикр мекунам, кайҳо вақти он расидааст, ки ба тиҷорат мебояд ҳамчун ба қисмати органикии ҷомеа нигарист, бо доираҳои корӣ муколамаи созандаву мусбат роҳандозӣ намуд».

Ба гуфтаи ӯ, замони канор рафтан аз мавқеи фишор ва ташкили фазои созанда барои ҳамаи шаҳрвандони муқими кишвар фаро расидааст.

«Монополия барои афроди басо наздик тарзи дурусту хуби рушди кишвар нест, зеро он метавонад оқибатҳои душвори иҷтимоии худро дошта бошад. Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешқадам зарур аст ва дар мо шояд ҳатто хеле хуб кор диҳад», - гуфт  Сафаров.

Ғайр аз ин, таҳлилгар пешниҳод намуд, ки Кодекси андоз бозбинӣ шуда, барои рушди дарозмуҳлат шароитҳои бештар мусоид фароҳам оварда шаванд.

«Таҳлили Кодекси андоз аз лиҳози иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ мувофиқи мақсад аст. Аз нигоҳи сиёсати андоз барои давраҳои рушди миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат он бояд пешгӯишаванда бошад. Тиҷорат ба қобили пешбинӣ будан моил буда, пул оромӣ, яъне суботро мепазирад», - иброз дошт номбурда.

Иқтисодчӣ Зулфиқор Исмоилиён ба мушкилии дастрасии тоҷирон ба маблағгузорӣ ишора мекунад.

«Дар бонкҳои мо бо меъёрҳои хеле зиёди фоиз (меъёри фоиз ба ҳисоби миёна - 32%) метавон танҳо қарзҳои кӯтоҳмуҳлат гирифт. Ин тиҷоратро ба нокомӣ маҳкум мекунад, зеро соҳибкорро лозим меояд, ки дар баробари дигар пардохтҳои расмии ҳатмӣ, қисмате аз маблағро ба пардохти қарзи бонкӣ бо фоизҳои баланд равона созад», - гуфт ӯ.

Роҳу воситаҳои раҳоӣ аз ин вазъро коршиносон тақвияти мубориза бо коррупсия ва монеъаҳои маъмурии ҳукумат унвон карда, дар ҳамин ҳол, зарурати дастгирии давлатии тиҷорати хурду миёнаро зикр карданд. Онхо илова крданд, ки танҳо дар ин сурат вазъ дар соҳаи тиҷорат рӯ ба беҳбудӣ меорад.