Соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта ҳамагӣ ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2016 тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум раванди муътадил дошта 0,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳи қаблӣ 0,3 банди фоизӣ ва моҳи декабри соли гузашта 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.

Қобили зикр аст, ки сатҳи баландтарини таваррум соли гузашта дар Тоҷикистон моҳи январ (1,4%) ва август (0,8%) ба қайд гирифта шуд.


Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7% ба нақша гирифта буд. Имсол низ сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар ҳамин сатҳ пешбинӣ шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2016-ро Бонки осиёгии рушд - 7%, Бонки ҷаҳонӣ - 7,5% ва Хазинаи байнулмилалии асъор - 8,2% пешгӯӣ карда буданд.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад.