АНОНС

- Дар Тоҷикистон Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳо доир мегарданд;

- Дар Душанбе таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон Президенти сулҳофар ва асосгузори давлатдории миллии тоҷикон» конфронси илмиву амалӣ баргузор мешавад;

- Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номусоидии обуҳаво рӯзҳои 15-16 ноябр огоҳ мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8120 сомонӣ;

1 евро – 10.4396 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1445 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1933 – Миёни ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.

1992 – Дар Хуҷанд иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум ба кор шурӯъ намуд.

2009 — Президенти ҶТ дастур дод, ки таъҷилан саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун нашр шуда, аз аввали соли 2010 ба муомилот бароварда шаванд.

2014 — Тоҷикистон ба узвияти Фонди хайрияи НАТО пазируфта шуд, ки соли 1968 бо мақсади ҷамъоварии маблағ барои дастгирии лоиҳаҳои хайриявӣ таъсис ёфтааст.

1937 – Зодрӯзи доктори улуми таърих Юсуфшо Яъқубов.

1939 – Мавлуд олим-муаррих, академик Раҳим Масов.

1947 — Зодрӯзи сароянда София Бадалбоева.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар минтақаҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борон меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +9+14; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар минтақаҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +7+12. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +12+14.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +10+12.