Дар меҳмонхонаи «Хайят Риҷенси» дар Душанбе рӯзи 7 октябр конфронси ғайринавбатии ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи шиноварии Тоҷикистон доир гардид.

Дар он вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода роҳбари ин Федератсия интихоб шуда, айни замон ҷараёни дарёфту интихоби кадрҳо барои дастгоҳи иҷроияи Федератсия идома дорад.

Генерал-майори милитсия Рамазон Раҳимзода дорои унвони Арбоби шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҶТ, номзад ба устодӣ дар соҳаи шоҳмот мебошад. Таҳти сарварии ӯ фаъолияти ҷамъияти варзишии «Динамо» хеле ҷоннок гардид.

Ба гуфтаи ходими соҳаи варзиш Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ, интихоби роҳбари ВКД ба ҳайси раиси Федератсияи шиноварӣ, ки яке аз навъҳои муҳими олимпӣ аст, натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳад овард.

«То ин дам ба шиноварӣ ҳамчун навъи варзиш таваҷҷуҳи начандон кофӣ зоҳир мешуд. Аз рӯи ин навъи варзиш намояндагони Тоҷикистон на мувофиқи натиҷаҳо, балки танҳо тибқи квота роҳхат мегирифтанд. Акнун ин навъи варзиш аз дастгирии кофӣ бархӯрдор шуда, дар Раёсати Федератсия тартиботи зарурӣ ҷорӣ мешавад», - қайд кард Рустамова.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷамъияти варзишии «Динамо» айни замон барои омодагии захираҳои олимпӣ аз рӯи навъи шиноварӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ба қавли Зебуннисо Рустамова, дар баробари намояндагони Кумитаи ҷавонону варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ӯ ҳам ба конфронси мазкур даъват шуда буд.

Қобили зикр аст, ки то ин замон Федератсияи шиноварии Тоҷикистонро яке аз дӯстдорони варзиш Ҳайдар Иброҳимов сарварӣ дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.