Дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», аз рӯи натиҷаи ду бозии даври нимфиналӣ «Хуҷанд» бар дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо натиҷаи умумии 4:2 дастболо гардид.

Гуфта мешавад футболбозони «Барқчӣ»в дар ин дидор бар муқобили дастаи «Хуҷанд» рақобати шадид нишон дода, натиҷаи умумии ду бозиро 2:2 намуданд.

Қайд мешавад, ки тақдири бозӣ дар дақиқаҳои иловагии пас аз бозӣ ҳал гардида, футболбозони вилояти Суғд ба дарвозаи ҳариф боз ду тӯб ворид намуданд.

Зикр мегардад, ки ҳамин тариқ,  дастаи  футболи «Хуҷанд» аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ бо ҳисоби умумии 4 бар 2 ғолиб омада, ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт. Ин даста дар финал бо ғолиби ҷуфти дастаҳои КМВА «Помир» ва «Истиқлол» бозӣ хоҳад кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.