Дар вохӯрии аввали финалии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, голи ягонаро дар дақиқаи 27-уми вохӯрӣ легионери даста Дмитрий Барков ба ҳадаф расонид. Бозии ҷавобии дастаҳо санаи 18 октябр дар Бангалори Ҳиндустон баргузор мешавад.

Дар сурати ғолиб омадан аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ «Истиқлол» ба даври финалии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфта, бо тими «Эйр-Форс»-и Ироқ рақобат мекунад. Вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 санаи 4 ноябр барпо мешавад. Дар сурати ба бозии финалӣ роҳ ёфтани «Истиқлол», вохӯрии ҳалкунанда дар Тоҷикистон доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки ба туфайли дастовардҳои тими «Истиқлол» дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 Тоҷикистон дар рейтинги Конфедератсия мақоми худро аз зинаи 20-ум ба зинаи 17-ум беҳтар карда, акнун имкон пайдо мешавад, ки дар мусобиқаҳои футболи Осиё миёни дастаҳо аз Тоҷикистон се даста иштирок кунад.