Муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар даври дувуми интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КМО Тоҷикистон, Робсон барандаи медали нуқра (соли 2013, Алматии Қазоқистон) ва медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (2015, Доҳаи Қатар) мебошад.

Гуфта мешавад, баъди анҷоми раунди аввал, ки бо пирӯзии Консейкао бо ҳисоби 30:27 ба анҷом расид, Анвар ба мураббиаш Аббос Неъматуллоев гуфтааст, дасти росташ, ки пештар ҷарроҳӣ шудааст, сахт дард мекунад ва аз идомаи сабқат даст мекашад.

Ҳамин тариқ, муштзани бразилӣ бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ғолиб дониста шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт, вале муштзани тоҷик аз гирифтани медали олимпӣ ноумед гашт.