Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнсов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Ҷун Шан барои Анвар Юнусов ошност. Имсол ҳарду бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор рақобат карда буданд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқоти интихобии олимпии қораи Осиё дар Чин бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфтааст.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор шуд, Анвар Юнусов қасоси бохтро гирифт.

Қувваозмоии севуми ҳарду дар Олимпиадаи Рио 6-уми август соати 18:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 02:15 шаби 7-уми август ба вақти Душанбе) баргузор шуд.

Зимнан, Анвар Юнусов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, аввалин шуда ба мусобиқа шуруъ кард ва пирӯзӣ ба даст овард.


Рақиби Анвар дар даври баъдӣ, ки рӯзи 9-уми август соати 12:20 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:20 ба вақти Душанбе) доир хоҳад шуд, муштзани маъруфи бразилӣ Робсон Консеикао мешавад. Бар асоси қуръакашӣ вай бидуни даври аввал ба даври дувум роҳ ёфтааст.

Робсон барандаи медали нуқра (соли 2013, Алматии Қазоқистон) ва медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (2015, Доҳаи Қатар) мебошад.

Муштзани маъруф Анвар Юнусови 29-сола, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, мақсад дорад ба Ватан бо медал баргардад.

Дар ҳоли ҳозир ӯ дар шаҳри Рио-де-Жанейро бо раҳбарии мураббиаш Аббос Неъматуллоев дар Деҳаи олимпӣ тамрин карда, ба қувваозмоии дувумаш омодагӣ мебинад.