Ҳайати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ рӯзи панҷшанбеи 28-уми июл соати 05:05 тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истамбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро ба Бразилия сафар мекунад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ,  маросими гусели варзишгарон 28 июл соати 03:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст дар ин маросим масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ, собиқадорон ва ҳаводорони варзиш ширкат кунанд.

Умуман, ҳайати варзишии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст, ки ҳафт нафари онҳо варзишгарон ва 16 нафари дигар мураббиёну роҳбарони бархе аз федератсияҳои миллии варзишӣ ва ашхоси расмӣ мебошанд.

Варзишгарони тоҷик дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард.

Гурзандози машҳур Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки 5 август дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, интихоб шудааст.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5-ум то 21-уми август баргузор мешаванд. Мусобиқот аз рӯи футбол, инчунин дар шаҳрҳои дигари ин кишвар – Белу-Оризонти, Бразилиа, Салвадор ва Сан-Паулу барпо мегардад.

Ин аввалин Бозиҳои олимпӣ дар Америкаи Ҷанубӣ, дувумин Бозиҳои олимпӣ баъди Олимпиадаи соли 1968 дар Мехико дар Америкаи Лотинӣ ва нахустин Бозиҳои олимпӣ сар аз соли 2000-ум дар нимкураи ҷанубӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин Олимпиада шумораи маҷмӯи медалҳо (301) ва теъдоди кишварҳои ширкаткунанда (206) рекордист.