Варзишгарони навраси Тоҷикистон дар дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» дар Ёқутистони Русия ду медал ба даст оварданд.

Вазирбек Назиров, корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 7 июл ба «Озодӣ» хабар додааст, ки дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 50 килограмм

Авзалшоҳи Ҳикматулло ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб шудааст.

Гуфта мешавад, аввалин медалро дар ин бозиҳо ба Тоҷикистон Шоҳрух Саидов овардааст. Ӯ дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 35 килограмм барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар ин бозиҳо беш аз 3 ҳазор нафар варзишгарони наврас аз 37 кишвари дунё (8 дастаи аз Русия) дар 22 навъи варзиш қувваозмоӣ мекунанд.