Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
Интихобот
Имрӯз нозирони байналмиллалӣ конфронси матбуотӣ дар шаҳри Душанбе баргузор менамоянд

01.03.2010 09:54

Муаллиф: Амрита Каргизова

Душанбе. 1 март. «Азия-Плюс» - /Амрита Каргизова/ - Миссияи байнамиллалии нозирони интихобот оид ба интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон изҳороти аввалии баъд аз интихоботии худро дар конфронси матбуотӣ имрӯз, 1 март, дар шаҳри Душанбе пешкаш менамояд.

Чи тавре ки ба «АП» на Бюрои САХА хабар доданд, ин иқдоми муштараки Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои башари САҲА (ДНДҲБ/САҲА), Ассамблеяи Парлумонии САҲА (АП САҲА) ва Парлумони Аврупо (ПА) мебошад.

Изҳороти аввалиро ноиби Президенти АП САҲА ва ҳамоҳангсози махсуси нозирони кӯтоҳмуддати САҲА, Пия Крисмас-Мюллер пешниҳод менамояд, ки онро баъдан роҳбари ҳайати ПА Елизабет Ҷеггл ва роҳбари Миссияи нозиронии дарозмуддати ДНДҲБ/САҲА оид ба интихобот Артис Пабрикс давом медиҳанд.

Миссияи байналмиллалии нозиронии интихобот дар маҷмӯъ аз 261 нозирон аз 42 кишвар иборат буда, 200 нозирони дарозмуддат ва кӯтоҳмуддатро, ки аз ДНДҲБ/САҲА равона шудаанд, ҳамчунин 49 аъзои парлумон ва кормандони АП ва 12 нафар аз ПА-ро дар бар мегирад.

Конфронси матбуотӣ соати 14:30 дар бинои меҳмонхонаи Hyatt дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
Бойгонии мақолаҳо
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

© 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
agency@asiaplus.tj