Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
Энергетика ва саноат
Дар кони «Комсомол» корҳои пармакунии чоҳи иктишофӣ оғоз гардиданд

05.08.2009 14:59

Муаллиф: Виктория Наумова

            Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар кони «Комсомоли»-и воқеъ дар маҳаллаи Лучоб ширкати Tethys корҳои пармакунии чоҳи иктишофиро оғоз кард.

            Дар маросими расмии оғози корҳо нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ва  президенти ширкати Tethys Petroleum Limited Дэвид Робсон иштирок карданд.

            Ба гуфтаи Д.Робсон, корҳои пармакунӣ дар чоҳ тахминан пас аз ду моҳ ба анҷом мерасанд. «Агар пас аз пармакунии чоҳ натиҷаҳои қаноатбахш ба даст оварда шаванд, корҳои пармакунии чоҳи дуввум шурӯъ гардида, умедворем, ки зимистони соли равон истихроҷи газ дар чоҳи аввал оғоз мегардад», - гуфт ӯ.

            Раиси ширкат ҳамчунин гуфт, тибқи маълумоти ширкатҳои мустақил, захираи газ дар қисмати шарқии кони «Комсомол» то 2 млрд. метри мукааб мерасад. «Ин миқдор ҳарчанд он қадр зиёд набошад ҳам, вале барои таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо гази худӣ кофӣ аст ва ба назари ман, ояндаи наздик аҳолии пойтахт дигар аз норасоии газ мушкилӣ нахоҳад дошт», - афзуд Д.Робсон.


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
  • Тӯраҷонзода ҳақ аст ё Раҳимзода?
    06.07.2009 09:28
  • Мушкили Гул Шералӣ ё мушкили мардум?
    22.06.2009 10:40
  • Чаҳоргона ва умедҳо барои фардо
    01.06.2009 09:55
  • Баҳси об ва заъфи дипломатияи тоҷик
    18.05.2009 09:52
  • «Нон бошад, барқ ҳам мешавад»
    24.04.2009 10:30
  • Роғун сохта шуд! Баъд чӣ?
    30.03.2009 09:53
  • Чаро Елтсин Роғунро насохт?
    16.03.2009 10:19
  • Соли 2009 – соле, ки Тоҷикистон соҳиби гази табии худӣ мешавад?!
    02.03.2009 09:45
  • Барқ бошад, суруд ҳам мешавад!
    02.03.2009 09:43
  • Офтобу бод – манбаъҳои нави барқӣ
    16.02.2009 09:11
  • Бойгонии мақолаҳо
    Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
    PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

    © 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
    Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
    www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
    Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
    agency@asiaplus.tj