Карзай бо Толибон оштӣ карданист! 03.08.2009 09:10 Муаллиф: «Миллат» №30 30.07.09. Зоҳири ДАВЛАТ Ҳомид Карзай - раиси ҷумҳури Афғонистон, ки аз рӯзи аввали ҳамлаҳо зидди Толибон бо нирӯҳои ҳампаймони ИМА шарики содиқ буд, ахиран ба хулосае расидааст, ки танҳо амалиёти низомӣ ва нобуд кардани Толибон ҷиҳати барқарории амният дар Афғонистон кофӣ нест. Ин ҷаноби хаста аз шӯру мағали Толибон акнун хостори музокирот бо он гурӯҳ ва қабл аз ҳама бо Мулло Умар - пешвои таслимнашавандаи эшон шудааст.
Амрикоиҳо аз ҷанг хаста шудаанд то баргузории интихоботи раиси чумхурй дар Афгонистони хамсоя хамагй се хафтаи Дигар бокй мондааст. Рӯзи баргузории интихобот наздик мешавад ва руз ба рӯз ноаммихо дар ин кишвар афзоиш ёфта, омори талафоти сарбозони НАТО дар ҷанг бо Толибон боло меравад. Ноамниву талафоти сарбозон макомоти кишвархои хампаймони Иёлоти Муттахидаи Амрикоро нигарон кардааст. Нигаронӣ то хадде расидаасг, ки Роберт Гейтс -вазири дифои ИМА хаста шудани мардуми Амрико аз гӯлоий шудани чанг дар Афгонистонро ошкоро изхор дошт, Суханхои Робертс баёнгари он буд, ки мардуми ИМ А дигар намехоханд фарзандони худро барои "овардани демократия ба Афгонистон ва нобуд кардани дахшатафканхо" ба чавори пойгохи Толибон бифиристанд.
Ҳузури нируҳои ИМА дар сарзамини афғонҳо аз соли 2001 бадин сӯ барои Кохи сафед танҳо дарди сар овардааст. Авзои Афғонистон алорағми хостаи ҳукумати ИМА таҳаввул меёбад ва ба қавли худи афғонҳо амрикоиҳо дар ин муддат натавонистаанд, ки аз ин минтақа ба комебиҳои баландпарвозонаи хеш даст ёбанд. Аз ин нокомиҳои ИМА ва ҳампаймононаш метавон хулоса кард, ки стратегистҳои амрикоӣ ба ин, ки мардуми Афғонистон шикастнопазиранд, бовар надоштаанд. Дар ин сарзамин, ки дар ду садаи ахир шоҳиди хунрезиҳои бераҳмонаи англису русҳо шуда буду мардумаш онҳоро нокому шикаста карданд, ба назар мерасад, ки пирӯзии амрикоиҳо низ имконпазир нест.
"Ал-қоида" + даҳшатафканӣ + маводди мухаддир = музокароти Карзай бо Толибон?
Мубориза бо ду падида; даҳшатафканӣ ва маводди мухаддир аз авлавиятҳои фаъолияти низомиёни ИМА ва ҳампаймононаш дар ибтидои ҳамлаҳо зидди Толибон дар Афғонистон буд. Ба назари ҷомеаи Ғарб "Ал-қоида" бо даҳшатафканӣ дар Афғонистон гурӯҳе хатарбор ва ҷаҳоншумул мебошад ва ҳастии ин гурӯх, таҳдидест ба тамадддуни Ғарб. Ба таври дигар бигӯем, нируҳои Ғарб мехоҳанд, барои ҳифзи тамаддуни хеш ин гурӯҳро решакан кунанд.
Аммо Ҳомид Карзай - раиси ҷумҳури Афғонистон, ки аз рӯзи аввали ҳамлаҳо зидди Толибон бо нирухри ҳампаймони ИМА шарики содиқ буд ахиран ба хулосае расидааст, ки танҳо амалиёти низомй ва нобуд кардани Толибон ҷиҳати баркарории амният дар Афғонистон кофӣ нест. Ин ҷаноби хаста аз шӯру мағали Толибон акнун хостори музокирот бо он гурӯҳ ва қабл аз ҳама бо Мулло Умар - пешвои таслимнашавандаи эшон шудааст. Ҷаноби раиси ҷумҳур омодагии худро барои нишастан сари мизи музокарот бо Толибон эълон дошта гуфтааст, ки афзоиши теъдоди сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон наметавонад монеи ноамниҳо шавад. Бино ба навиштаи васоити ахбори даризабони Афғонистон Карзай бо ишора ба тасмими худ барои музокарот бо Толибон аз ғарбиҳо хостааст, ки як стратегияи ҷадидро дар Афғонистон иҷро кунанд.
Иштибоҳи Амрикоиҳо аз аввал буд!
Коршиносони масоили сиёсӣ дар умури Афғонистон дар ин бора дидгоҳҳои мутафовите доранд. Ваҳид Мужда - коршиноси масоили сиёсй дар умури Афғонистон ва минтақа дар робита ба ин мавзӯъ ба хабаргузории "Садои Афғон" гуфтааст: Дар 8 соли мубориза бо терроризмончи дида шуд, корномаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз аввал то интиҳо дар Афғонистон иштибоҳ буда аст, чаро ки ба анъанот ва муътакадоти мардуми Афғонистон таваҷҷӯҳ накаданд. Ба гуфтаи вай, бузургтарин иштибоҳи дигари ИМА дар Афғонистон куштани наздик ба 5000 толиб дар шимоли кишвар буд ва ин мӯҷиби ноамнихои баъдй дар ҷануб шуд ва мардуми ҷануб эҳсос карданд, ки амрикоиҳо ба дунболи интиқомгирии масъалаи 11-и сентябр аз Толибон ҳастанд ва ба ин лиҳоз рӯз ба рӯз доманаи ноамниҳо дар Афғонистон афзоиш ёфт.
Дар идома Ваҳид Мужда изҳор дошт: "Дар сурате, ки амрикоих,о сухан аз хаста шудан дар мубориза алайхи Толибон мезананд, табиӣ аст, ки доманаи ҷанг густариш пайдо кунад ва онон маҷбур Афғонистонро тарк кунанд".
Тағйирот дар сиёсатҳои ҷадиди мақомоти Амрико дида мешавад ва дар талош ҳастанд, ки ба Толибон имтиёз бидиҳанд ва қалби ин гурӯҳҳро ба даст оваранд ва эъломи ахири Обама дар мавриди таҳқиқи моҷарои кушта шудани ҳазорон толиб дар шимоли кишвар дар соли 2001 худаш нишон медиҳад, ки Амрико худро масъули куштори афроди толиб намедонад ва мехоҳад бо ин корашон қалби Толибонро ба даст оваранд.
Мужда меафзояд: Амрикоиҳо чизе нестанд, ки мусулмонон аз онҳо битарсанд. Чунончӣ мушти амрикоиҳо дар Ироқ боз шуд ва давраи тарсу ҳарос аз амрикоиҳо ба поён расидааст. Як гурӯҳи кӯчаки Толибон дар муқобили яксад ҳазор нируи то ба дандон мусаллаҳ меҷанганд, ончӣ ки дар майдони ҷанг сурат мегирад, тасмиму муборизаи қотеона аст ва чунин гурӯҳе мисли Толибон метавонад, мушкил эҷод намояд.
"Амрикоиҳо дар аввал натавонистанд дилҳои мардуми Афғонистонро ба даст оваранд ва мардум, ки ба хотири нобудии қувои Шӯравй миллионҳо шаҳид дода буданд, имрӯз шоҳиди дури онҳо аз саҳнаи сиёсат ҳастем, мавзӯи куштори афроди толиб, ки дар шимол матраҳ мешавад, як ҳадафи бисёр муҳиммеро амрикоӣ дар ин кишвар дунбол мекунад", -мегӯяд коршинос Мужда.
Ҳомид Карзай дардуроҳй
Ҳамонгуна, ки дар боло ёд кардем, Карзай дигар дар дуроҳа мондааст. Ӯ агар аз мавзеъгирии Амрико дифоъ кунад, дар воқеъ ҷунбиш ва Дустумро аз даст медиҳад. Агар аз ҷунбиш дифоъ кунад, дар ҳақиқат раъйи мардуми ҷанубро аз даст медиҳад ва бо ин вуҷуд оқои Карзай дар як нуқтаи ҳассос қарор гирифтааст ва гуфта мешавад, ки амрикоиҳо дигар вайро шахси матлуб барои худ намедонанд.
Ба гуфтаи Ваҳид Мужда, Амрико дӯсти ҳеч касе нест ва коре, ки дар соли 2001 дар шимоли кишвар сурат гирифт, таҳти назари Амрико буд ва Амрико хеле "дӯст"-и номарде ҳаст ва рӯзе бирасад, ки дӯстони худро монанди Садом Ҳусайн ба дор бикашонад. Амрикоиҳо фикр мекарданд, ки тӯлонӣ шудани ҷанг дар Афғонистон ба нафъи онҳост, вале бо истротежии ҷадиди демократҳо, ин кишвар оҳиста-оҳиста ба назариёти англисҳо наздик мешавад ва барои аввалин бор аст, ки эъломи мусолиҳаро бо Толибон мекунад.
Тахмин зада мешавад, ки барои таъмини амнияти Афғонистон ниёз ба 400 ҳазор ниру ҳаст. Ин дар холест, ки ҳамагӣ 60 нафар толиб як вилоятро ба куллӣ идора мекунанд! Мулло Умар аз ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдор набуд, аммо метавонист бо як нируи андак манотиқи тахди контролашро хуб идора кунад.
Дод Нуронӣ яке дигар аз коршиносони умури сиёсй дар Афгонистон мегӯяд: Ҷангу хунрезиҳо бар вазъияти кунунии Афгонистон чандон муфид ба назар намерасад. чун дар ин кишвар, кишварҳои мухталиф ҳар кадом ба дунболи манофеи худ ҳастанд ва мусалламан артишҳои низомии онон дар ин сарзамин ихтилофи назарҳои ҷиддӣ дар сиёсатҳои ҳамдигар доранд. Бар асоси арзёбихои масъулини амниятии кишвар ба ҳар андозае, ки ба интихоботи 29-и асад (20-и ав-густ) наздик мешавем, хушунатҳо дар кишвар боло меравад нируҳои хориҷиву дохилй талафоти бештареро мутаҳаммил мешаванд. Зикр мегардад, ки тайи чанд рӯзи хафтаи ахир 5 чархболи низомии хориҷӣ бино ба далоили норӯшане суқут карданд. Ин дар ҳолест, ки Толибон бо чархболу лавозимоти ҷангии пешрафта мусаллаҳ нестанд ва 57 ҳазор нируи низомии Амрико дар ин кишвар мустакаранд. Вазири дифои ИМА ваъда кардааст, ки боз 20 хазор сарбоз ба Афғонистон мефиристад.
Амрикоиҳо бо толибон мусолиҳа хоҳанд кард
Афзоиши нируҳои амрикоӣ дар Афғонистон ба манзури ҷанг бо Толибон нест, балки ба хузури қудратманди он дар Осиёи Миёна мебошад. Коршиноси афғон Дод Нуронӣ бар ин бовар аст, ки амрикоиҳо барои ҳузури қудратмандашон дар Афғонистон бо гурӯҳи Толибон мусолиҳа хоҳанд кард ва аз сӯйи дигар қарор аст, неруҳои амниятии афғонро то 240 ҳазор афзоиш диҳанд. Ин омил нишондиҳандаи ҳузури дарозмуддати амрикоиҳо дар Афғонистон аст, то битавонанд бидуни дарди сар ба фаолиятҳои, худ дар ин ҷо ва соири кишварҳо идома диҳанд. ИМА сахт дар бӯҳрони иқтисодӣ ба сар мебарад ва ин кишвар дигар намехоҳад, ки вориди ҷангу лашкаркашй дар дунё гардад, чаро ки Амрико дар қабл бо англисҳо дар хусуси музокира бо гуруҳи Толибон ҳамназар набуд, аммо дар ҳоли ҳозир ин ду қудрат шояд ихтилофи назар надошта бошанд. Амрикоиҳо мехоханд бо афзоиши ниру ҳузури дарозмуддаташонро ба хотири рақибони осиёии худ дар Афғонистон устувор намоянд, чунончи ин корро дар Ироқ карданд ва сипас бахше аз нируҳояшро берун кашид. Ин ҳадафро дар Афғонистон низ дунбол мекунанд, ки бо мусолиҳа бо Толибон бахше аз нируяшонро аз ин кишвар низ хориҷ хоҳанд кард. ИМА ҳамакнун дар кишварҳое монанди Тайван, Филиппин, Чин, Кореяи ҷанубӣ, Ҷопон, Арабистони Саудӣ ва Кувайт дар кадоме 40 ҳазор низомӣ дорад ва ин ҳолат дар Афғонистон ҳамонанди соири кишварҳо боқӣ хоҳанд буд. Зеро дар ҳоли хозир амрикоиҳо машғули сохтани пойгоҳхои низомӣ, майдонҳои ҳавоӣ, зиндону таъсисоти низомӣ дар нуқоти мухталифи Афғонистон ҳастанд ва дар сурати ҳузури кӯтоҳмуддат ин фаолиятҳоро дар ин кишвар анҷом намедоданд.
ИМА ва Покистон бурди ҳар ду
Амрико бо сиёсати ҷадиди худ метавонад ду мушкили асосии кишвари Покистонро ҳал созад; яке мавзӯи Кашмир ва дигар мавзӯи хатти Дюрондро. ки бо ҳалли ин ду мавзӯъ Покистон дигар аз ғурӯҳи Толибон дар Афғонистон ҳимоят нахоҳад кард.
Покистон мехоҳад манотиқи Кашмирро аз баданаи Ҳиндустон ҷудо созад ва аз сӯйи дигар хатти Дюронди Афғонистон барои Покистон ба унвони як шоҳроҳи кавии тронзитй ба тарафи Осиёи Миёна матраҳ аст ва дар сурате, ки ин хат ба дастрасии покистонихо қарор нагирад: бандари Чобаҳори Ирон дар қисмати табодулоти тиҷоратии Осиёи Миёна пештоз мегардад.
Ба ҷойи хулоса
Дар Афғонистони ҳамсоя, ки оромиву амнияту сулҳу барқарории он барои Тоҷикистони азизи мо ниҳоят ва нихоят муҳимму зарурист, 20-и август интихобот баргузор мешавад. Аммо мутаассифона ба далели набудани амният эҳтимол аст, ки теъдоде аз мардум ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ нараванд ва теъдоде дигар ҳамонгуна, ки аз интихоботи пешин ризояти хоссе надоранд. минҷумла мардуми Кобулшаҳр камтар овоз хоҳанд дод.
Ба ҳар ҳол умедворист, ки рӯзе сарзамини Афғонистон аз ноамниҳо раҳо мешавад ва роҳи Точикистон ба бандарҳои баҳрӣ наздик хоҳад шуд.
Please enable JavaScript to view the comments powered by Disqus.
Система комментирования от