Духтари тоҷик ва Интернет 04.05.2009 10:17 Муаллиф: «СССР» №18 30.04.09. Сорбон ТОҲИРӢ Кастинги секс ва зӯроварӣ... Бо рушд ёфтани технологияи нав , яъне телефонҳои мобил ва шабакаҳои Интернет Тоҷикистон пешорӯи мушкили фарҳангӣ қарор гирифт: Ин НАНО ба маданияти мо зарбаи сахте ворид сохт. Дуруст аст, ки агар мо аз ин дастоварди техник ҳамвора пурарзиш истифода кунем, нур болои нур аст.
Вале мутаассифона, телефони мобил ва Инет бештар моли дасти кӯдак шудааст, ки ба ҳеч ваҷҳ аз онҳо барои рушди ақлонӣ ва захираи дониш тақрибан истифода намекунанд. Максад аз ин гуфтаҳо ин аст, ки мехоҳам мавзӯеро матраҳ созем, ки доғи ҷомеа аст.
Сабаби коста шудани рафтори духтарон ва писарон дар ҷомеаи имрӯза маҳз телефонҳои мобилӣ шудаанд. Чӣ сабаб шуда, ки имрӯз зери номҳои духтарони мактабхои миёнаи шаҳри Душанбе ҳар гуна овозаҳои (мутаассифона) ба хақикат наздик паҳн мегарданд? Ин овозахо, ба ростй, маро дар канор нагузоштанд...
Овозаҳо перомуни фахшои гулдухтарони тоҷик дар пойтахт бо суръати барқосо паҳн мешаванд. Вале агар дар шаҳр гурӯҳи занҳое бо фаҳшои худ ном бароварда бошанд, барои мо тааҷҷубовар нест, зеро харидор набошад, савдогар моли худро намефурӯшад. Вале афсӯс аз он мехӯрем, ки насли наврасро, ки имрӯз нерӯи созанда мегӯему умеди фардои Ватан мехонем, ба иззатзудоӣ пойбанданд. Бархе аз онон пардапӯшона ва қасдан ба фаҳшо даст мезананд Далел мехоҳед? Бисёриҳо дидаанд, шунидаанд, ҳатто бархе навор мегиранду ба манфиати ҷайби хеш фаҳшо ва беобрӯгии миллатро истифода мебаранд. Мисол: Интернетфилми кӯтоҳмуддат; пеш аз оғози навор навишта шудааст: мактаби № 16- ноҳияи Шаҳринав. Сипас дар навор духтарони мактабхон ба гурӯхҳо тақсим шуда, ҷанг мекунанд. Манзара хело даҳшатовар нишон дода шудааст. Ҷанги духтарон ончунон ба навор гирифта шудааст, ки аз диданаш табъи кас хира мегардад ва ба духтари тоҷик нафрат паӣдо мешавад. Бовари кас намеояд, ки онҳо тоҷиканд: Кашидани муйҳои якдигар, дашноми қабеҳ бо овози баланд ва лаҳҷаи ҳиссори, даронидани либоси якдигарй то урён намудан (тамоми аъзои духтарон намоён аст!), Ва амсоли инҳо, ки аз тариқи Рейтинги "кй зӯртар" дар телефонҳои мобилӣ имрӯз дар гардишанд. Магарин бамаданияте, ки бузургонамон ҳазорсолаҳо тавсифу таъриф кардаанду дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ шудааст, зарбае ворид намесозад?
Индира Ганди, бузургтарин бонуи сиёсатмадори Ҳинд мефармояд:
"Дару тирезаҳоятонро барои хавои тоза кушоед, вале накҳати хосе, ки дар хона ҳаст гум накунед" .Мо ҷавонмардони тоҷик низ бояд аз дастоварди технологияи нав дуруст ва самаранок истифода бароем, на барои паст задании обурӯи миллати худ.
Духтари тоҷик дар филмҳои порнографй дар интернет!
Духтарони тоҷик дар кастинги Зех дар Интернет низ шариканд ва талош доранд дар ин рейтинг яке аз авва линҳо бошанд. Бовар кунед, ки ҳақиқатро гуфтам!!!
...Бо пайдо шудани сахифае дар Интернет, бо номи "Секси духтарони тоҷик" ҳуш аз сарам парид. Бовар накардаму гуфтам, наход духтарони тоҷик ба чунин кори паст даст зананд? Саҳифае, ки дар Интернет пеши назарам пайдо шуд, дар феҳристи он фахшои духтарон аз Аврупо минҷумла США, Русия, Мексика, Итолиё Белорусия... номнавис буданд. Вале дар ин қатор номи духтарони тоҷик, ки худро аз ш. Душанбе муаррифӣ кардаанд, дар наворҳои кинои фаҳшо ба Интернет роҳ бурдаанд. Кистанд инҳо? Кистанд фоҳишаҳое, ки кишвареро муаррифӣ доранд, ки 99% аҳолии он мусалмон аст? Кӣ шахсияти онҳоро бояд муайян кунад? Оё шӯъбаҳои мубориза бо танфурӯшии ВКД ҶТ имкону тавони мубориза бо ин нафаронро дорад?
Барои баъзеҳо шояд дидани ин наворҳо тааҷҷубовар нест! Зеро агар боре ба телефонбозоре, ки аз тарафи Mister X. дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст, рафта бошед, дар телефонҳои зумрае аз ишон наворҳои фаҳшо, фосиқии духтарони тоҷик, ки дар онҳо бо забони тоҷикй ҳарф мезананд, хело зиёд ба чашм мехӯрад.
Барои ман хеле тааҷҷубовар аст, ки чаро мо худро миллати шарқиву дорои маданияти баланд ва мусалмони комил муаррифӣ мекунему боре аз насле, ки имрӯз ба воя мерасанду фардо ояндаи Тоҷикистонанд, намепурсем, ки "бо чӣ бандӣ, эй, фардои миллат!". Дар дар давлати Сингапур қонуни махсусе барои наврасон ҷорӣ шудааст, ки агар кӯдаки мактабхонро дар сигоркашй, партофтани коғазе дар ҷойи ҷамъиятӣ, харидани нӯшокиҳои спиртӣ ва ҳатто дашном додан боздоранд, волидайни он тифл 1000 доллар ҷарима месупорад. Мисолҳо барои тарбияти насли наврас аз давлате, ки СССР ном дошт, зиёданд, ки ҳатто ба филмҳое, ки навори бӯсобӯсӣ доштанд, даромадани наврасони то 16 сола манъ буд. Дар мо чӣ? Чаро дар Интернеткафеҳо назорат намекунанд, ки ҷавонону наврасон, ба вежа духтарон паси Комп кадом сайтҳои порно ва Зех медароянд?
Беназоратӣ ва бетафовутии волидайн аст, ки худи кӯдакон наворбардор ва ҳатто коргардони ингуна филмҳои кастингии Зех дар Интернет шуданд. Куҷо менигаред, эй, наели калонсол? Чаро моро бидуни тарбия гузоштаед? Чаро аз гузаштагони худ мефахреду аз оянда чашм пӯшидаед? Куҷо равонаем, ҳаммиллат???
Ин суолест, ки ҳар як Тоҷики Ватандӯсту худогоҳро набояд канора гузорад. Мушкили фаҳшо ва аз матбуот ба Интернету Мобилҳо фурӯрехтани онро мо бояд имрӯз хал намоем, ки фардо дер хоҳад шуд. Фаромӯш насозед, ки Мо метавонем ... агар хоҳем!
Please enable JavaScript to view the comments powered by Disqus.
Система комментирования от