Нигаронии расонаҳои Русия аз тарҳи қонуни забон 03.08.2009 09:51 Муаллиф: «Миллат» №30 30.07.09. Вазорати корхои хорича матолиби бархе аз расонаҳои гуруҳии Русияро мабнӣ бар маҳдудият дар истифодаи забони русӣ дар қаламрави Тоҷикистонро рад кард. Абдулло Юлдошев, муовини аввали вазири хориҷа, рӯзи 23 июл дар як нишасти матбуотӣ аз интишори матолиби интиқодомез дар расонаҳои Русия дар бораи тарҳи ҷадиди қонуни забон дар Тоҷикистон ва суханронни президенти кишварамон ба муносибати бистумин солгарди тасвиби қонуни забон дар кишвар башиддат ибрози нигаронӣ кард.
Абдулло Юлдошев дар огози нишаст бо ишора ба яке аз ин матолиб гуфт: "Ин хабарро рӯзноманигоре навиштааст, ки ба лагери тахассуси дувумини қадима аз лагери тахассуси аввалиии қадима гузаштааст. Одами солим ин чизро наменависад."
Муовини аввали вазири корҳои хориҷа гузориши худро бо забони русӣ ироа кард ва дар поёни он гуфт, ки ин далели он аст, ки забони русӣ дар кишвар манъ нашудааст ва маҳдудияте барои истифодаи корбурди он ҳам эъмол намешавад.
Ин дар ҳолест ки ахиран тарҳи ҷадиди қонуни забон дар Тоҷикистон барои баррасӣ ва таъйид ба Маҷлиси Намояндагони порлумони кишвар ироа шудааст,
Ба гуфтаи манобеъи порлумони кишвар, дар тарҳи пешниҳодии раиси ҷумҳурӣ ҳеҷ гуна имтиёзе ба забонҳои хориҷӣ, ба вижа забони русӣ дода нашудааст. Аммо тибқи қонуни феълии забон дар Тоҷикистон, забони русӣ мақоми "забони муоширати байни миллатҳо" дониста мешавад.
Афзун бар ин, дар Қонуни Асосии Тоҷикистон низ ба забони муоширати байни миллатҳо будани забони русӣ дар қаламрави кишвар таъкид шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар вокуниш ба тарҳи ҷадиди қонуни забон дар Тоҷикистон ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Забон, беш аз 50 мақола ва гузориш дар расонаҳои Русия мунташир шудааст, ки дар бештари онхо аз махдуд шудани ҷойгоҳи забони русӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ мешавад.
Ановини бисёре аз ин матолиб, монанди "Таджикистан запрещает русский язык", (Тоҷикистон забони русиро мамнӯъ мекунад), "Только на родном языке" (Танҳо бо забони модарӣ), "Президент Таджикистана наступает на русский язык" (Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба забони русӣ ҳамла мекунад), "Президент Таджикистана призывает граждан не общаться по-русски" (Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон мехоҳад, ки бо русӣ ҳарф назананд), "Таджикистан показал язык" (Тоҷикистон забонашро нишон дод), "Рахмон изгоняет русский язык из Таджикистана" (Раҳмон забони русиро аз Тоҷикистон ихроҷ мекунад), "Глава Таджикистана призвал запретит русский язык" (Раҳбари Тоҷикистон хостори мамнӯъияти забони русӣ шуд), "В Таджикистане ограничат использование русского языка" (Корбурди забони русй дар Тоҷикистон махдуд мешавад), "Не говорим по-русски" (Бо русй ҳарф намезанем) ва ғайра ба маҳдудияти забони русӣ дар Тоҷикистон ишора мекунанд.
Дар бештари ин матолиб аз тарҳи ҷадиди "Қонун дар бораи забон" интиқод шуда ва аз ҷумла омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон, бавижа Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, қасд дорад дар корбурди забони руси дар қаламрави кишвар маҳдудият эҷод кунад ё онро манъ кунад.
Ба навиштаи расонаҳои Русия бар асоси тарҳи ҷадиди қонуни забон дар Тоҷикистон, шаҳрвандон дар муносибат бо ниҳодҳои давлатӣ танҳо аз забони давлатӣ кор мегиранд. Ин дар ҳолест ки дар қонуни феълӣ бо он ки забони тоҷикӣ забони давлатӣ маҳсуб мешавад, амм-мо шаҳрвандон дар бархӯрд бо ниҳодҳои давлатӣ мустақилона забонро интихоб мекунанд.
Дар матлаби "Только на родном языке", (Танҳо бо забони модарӣ), ки сойти "ГородФМ.ру" интишор дода, омадааст, ки худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур хостори "барҳам додани мақоми расмии забони русӣ" дар Тоҷикистон шудааст.
Маскав бояд иртибототи расмй бо афрод ва созмонҳоеро, ки нисбат ба забони русй ғараз доранд, бояд тадобири сахтгирона андешад, иртибот бо онҳоро мамнӯь кунад. Ин икдомро на танҳо алайхи сиёсатмадорон, балки намояндаго ни фарҳанг, хунармандон, нависандагон низ эъмол кард, зеро миллатгароӣ на танҳо дар миёни нухбаго ни сиёсӣ, балки дар миёни нухбагони фархангӣ низ рушд мекунад.
Виталий Третьяков, сардабири маҷаллаи "Политический класс".
Ҳамчунин, ба навиштаи ин расонаҳо Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии телевизиюнии худ дар рӯзи 21 июл хостори ҳарчи зудтар тасвиб шудани тарҳи ҷадиди қонуни забон дар порлумон шудааст.
Виталий Третяков, сардабири маҷаллаи "Политическйй класс", назароти хешро дар сойти русии "actualcomment.ru" интишор дода ва аз давлати Русия хостори тадобире барои ҳифзи забони русӣ шуда ва гуфтааст, ки "Маскавро лозим аст дар қиболи созмонҳо ва ниҳодҳое, ки бо ҳар роҳ ба забони русӣ фишор меоранд ва ё дар ин амр мушорикат мекунанд, мавзеъи сахтгиронае эъмол кунад".
Вай гуфтааст: "Ин тадбир на танҳо алайҳи сиёсатмадорон, балки намояндагони фарҳанг, ҳунармандон, нависандагон ва мусикидонон низ эъмол шавад, зеро миллатгароӣ на танҳо дар миёни нухбагони сиёсӣ, балки дар миёни нухбагони фарҳангӣ низ рушд мекунад. Иртибототи расмӣ бо ин гуна афрод ва созмонҳо бояд мамнӯъ шавад ва ширкатҳои тиҷорӣ ва ниҳодҳои давлатӣ бо онҳо ҳеч муъомилае накунанд."
Ҳамзамон оқои Третяков изҳороти дақиқи мақомҳои аввали давлати Русия дар робита бо ҳифзи забони русиро муҳимм хонда ва гуфтааст ин роҳ низ муассир аст, ки мавзеъи раҳбарони кишвар ба ҳамаи маҳофили сиёсӣ, иқтисодй, диплумосӣ ва ғайра расонда шавад.
Третяков матраҳ кардани мавзӯъи ҳифзи ҷойгоҳи забони русӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва муассисоти урупоиро аз давлати Русия дархост карда ва мубориза барои касби мақоми забони русӣ дар Украинро гоме зарурӣ хондааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумхури Тоҷикистон, дар паёми табрикотии худ ба ин муносибат бо он ки бар такрияти пояҳои забони милли, ҳамчун "унсури такомули истиқлоли фарҳанги миллӣ" таъкид кардааст, аммо ҳарфе дар мавриди забони русӣ нагуфта буд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсат, конунгузорй, коргузорӣ, муъоширати байни сокинони кишвар, забони илму фарҳанг ва васоити ахбори омма дар истифодаи васеъ қарор дорад ва давлати Тоҷикистон низ минбаъд ба масоили рушди устувори забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои сиёсиву иқтисодй ва иҷтимоъию фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва мақоми онро ҳимоя мекунад."
Зимнан, бархе аз соҳибназарон дар Душанбе интишори матолиби интиқодомез дар расонаҳои мухталифи Русия дар бораи қонуни забон дар Тоҷикистонро "ҳамлаи иттилоъотии навбатии расонаҳои русй ба Тоҷикистон" арзёбӣ мекунанд ва бархе дигар ин матолибро "суфоришӣ" хондаанд.
Дар ҳамин ҳол, ин гузоришҳо вокунишҳои бархе аз мақомот ва шахсиятҳои сиёсии Русияро низба дунбол дошта ва масалан, ба навиштаи "Вести.ру", Алексей Островский, раиси кумитаи Думаи Русия дар умури кишварҳои ҳамсуд аз мақомоти тоҷик башиддат интиқод кардааст.
Островский аз Эмомалӣ Раҳмон интиқод карда ва гуфтааст, ки "ин иштибоҳи бузург аст, ки бар зиёни Тоҷикистон тамом хоҳад шуд." Вай ба бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик ишора кардааст, ки забони русиро хуб намедонанд ва таҳдид карда, ки Русия сафари хориҷиёнеро ки забони русиро намедонанд, маҳдуд хоҳад кард. Вай афзудааст: "Пас Эмомалӣ Раҳмон чи хоҳад кард? Дар он сурат шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд ба Русия оянд ва дар кишвари худ монда ва бо пайвандонашон гуруснагӣ хоҳанд кашид".
Аз сӯйи дигар, ба гузориши РИА Новости, Владимир Жириновский, раиси Дума ва рахбари Ҳизби либерол-демократи Русия, гуфтааст, ки дар посух ба махдуд кардани корбурди забони русӣ дар Тоҷикистон, Русия метавонад барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид раҳандозӣ кунад.
Ба гуфтаи Жириновский, "сарфи назар кардан аз забони русӣ сатҳи савод ва фарҳанги шаҳрвандонро хоҳад кост ва равобит бо Русияро низ кам хоҳад кард."
Тасвиби нахустин қонуни забон дар соли 1989 дар Тоҷикистон низ нигарониқое аз коҳиши нуфузи забони русӣ дар ин кишвар ба вуҷуд оварда буд. Бисёре аз мақомоти вақт бо тасвиби ин қонун мухолиф буданд ва фарҳангиён низ ба ду даста қисмат шуда буданд.
Натиҷаи мубоҳисоти он замон ин буд, ки забони русӣ ба унвони "забони муоширати миёни миллатҳо" дар қонуни асосии Тоҷикистон сабт шавад. Бархе мегӯянд, пофишории мақомот ва фишори Маскав аз як сӯ ва норизоятии умумӣ аз сӯйи дигар дар заминаи ҳимоят аз ҷунбиши худогоҳии миллӣ мунҷар ба ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шудааст.
Бисёре аз рӯшанфикрон мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон дар даврони истиқлоли худ низ бо таваҷҷуҳ ба нуфузи Русия мафодди аслии қонуни забонро ба иҷро надаровардааст. Зимнан, ду сол қабл, ҳангоме ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз номи падар ва насабаш пасояндҳои русии "-ов" ва "-ович"-ро барандохт, ин иқдом низ вокунишҳои шадиди расонаҳои русиро ба дунбол дошт.
Бархе аз соҳибназарон бар ин боваранд, ки иқдомоти давлати Тоҷикистон дар заминаи боло бурдани мақоми забони тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ дар чанд соли ахир барои маҳофили мухталифи Русия, бахусус доираҳои сиёсии ин кишвар, хушоянд набуда ва ҳамин амр то ҳадде мӯҷиби ба сардӣ гароидани равобити ду кишвар шудааст.
Зимнан, қонуни забон дар Тоҷикистон 20 сол қабл дар даврони Шӯравӣ тасвиб шуд. Макомоти Тоҷикистон мегӯянд, ироа шудани тарҳи ҷадиди қонуни забон ба порлумон ба хотири мутобиқ кардани қонун бо воқеъиятҳои имрӯз сурат мегирад. Ба гуфтаи мақомот, дар бист соли ахир дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дигаргуниҳои зиёде ба чашм расидааст.
P . S . Аз ин гузаришх,о ва нигарониҳои расонаҳои Русия дар баробари тарҳи ҷадиди Қонуни забон ба назар мерасад, ки вокунишҳо аз кишвари Русия шиддатноктар аз соли 1989, ҳангоме ки нирухои рӯшанфикри тоҷик барои ба курси нишондани забони тоҷики талош мекарданд, мебошанд. Аммо тафси ин ҳама "даргириҳоро" воқеиятҳо ва хастаҳои як ҷомеаи соҳибистиқлол паст хоҳад нишонд.
Please enable JavaScript to view the comments powered by Disqus.
Система комментирования от